100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
«ягона пуле, ки онҳоро бояд мепайваст» набуд. Муҳаббати беҷавоб барои Лиза баъди ҳар вохӯрӣ азобовар мешуд. Блок завҷаи никоҳӣ дошту Лиза соҳиби шавҳар буд ва онҳо ҳамеша дар байни мардум ба дидор мерасиданд. Андӯҳи ботинии Лиза боз аз он меафзуд, ки маҷмӯаи аввалини ашъораш ба маҳбуби дилаш писанд наомад. Вай ҳатто ба зани нагунбахт тараҳҳум накарду гуфт, ки шеърҳояш ҳама тақлидианд. Лиза сахт ранҷид ва аз Петербург гурехт. Вай фирор кард аз назди маҳбуби номеҳрубон, аз шаҳре, ки онро бӯҳрони пешазинқилобӣ фаро мегирифт, аз шавҳари кореҳ ба мулки меросӣ, ба Анапа. Ин ҷо вай насиҳати Блокро ба ёд овард, ки гуфта буд: «Бо замин ва одамони одӣ бош». Ӯ дар соҳили баҳр, дар байни токзор зист, бо шаробпазӣ машғул гашт ва ба шахси одие дил баст, духтаре ба дунё бахшид ва номи аҷибе гузошт: Гаяна, ки маънояш замин буд. Аммо меҳри модарӣ ҳам нерӯи ишқи ӯро ба Блок кам накард. Вай пайҳам мактуб менавишт ба шоири тавоно ва қасам мехӯрд аз ишқи ҷовидона. «...бароям андеша рондан, ки дар зиндагӣ чизе наметавонад хотираи Шуморо аз вуҷудам рӯфта барад, басо хуш аст. Шумо медонед, ман Гаянаи худро дӯст дошта наметавонистам, агар намедонистам, ки Шумо абадӣ аз манед. Танҳо хоҳони як чизам: Шумо бояд ба ёд биоред, ки кай ин зарур мешавад ва ман ҳамон замон омодаам, ки ҷонамро ба ивази ҷони Шумо бибахшам. Охир ман ҳама вақт, ҳамеша дар бари шумоям. Намедонам, инро чӣ тавр возеҳтар баён созам; вақте ки дар батнам духтарчаам буд, ман ӯро камтар эҳсос мекардам, нисбат ба Шумо, ки ҳамеша дар шуурам ҷой доред».
Дар ниҳоди Елизавета Юревна оҳиста-оҳиста шавку рағ- бати худфидой бедор мегашт. Баъдтар ҷанги якуми ҷаҳон оғоз ёфт. Блок ба фронт рафт, мактубҳои Лиза ӯро дар хандақҳои пуробу лой низ меёфтанд. Сипас инқилоб шуд. Шавҳари Лиза, ҳамон одами одӣ низ дар ҷанг шаҳид гашт. Лиза ба ҳизби эсе- рҳо пайваст. Сафедҳо ӯро ба ҳабс гирифтанд. Судя Д. Скобсов

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор