Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Дар шафати мулки падараш бостоншиносон пуштаҳоро бо эҳтиёт канда, косахонаҳои сар ва ҳар гуна ашёҳо меёфтанд. Лиза ба бозёфтҳои онҳо бо мароқ назар медӯхт ва аз тамошои онҳо қалбашро як ҳиссиёти бебақои зиндагии заминӣ мефишурд. Вай, ки эҷодиёти Лермонтов ва Балмонтро беҳад дӯст медошт, таассуроти аз бозёфтҳои бостоншиносон ба дил нишастаашро бо шеър иброз кард. Ва маҷмӯаи нахустини шеърҳои шоираи навқалам, бо номи «Косахонаҳои сари скифҳо», ки соли 1912 ба нашр расид, аз ҳамон таассуроти овони наврасӣ маншаъ гирифта буд.

Соли 1905 онҳо ба Ялта кӯч бастанд, зеро падар сарвари боғи ботаникии Никитский таъин гашт. Марги нобаҳангоми ӯ Лизаи эҳсосотиро чанд муддат дар афсурдаҳолӣ нигоҳ дошт. Пас аз вафоти шавҳар София Борисовна Пиленко ба назди хоҳараш ба Петербург кӯчид. Лиза пайваста ёди падар мекард, ҳатто ба Парвардигор дар хусуси адолат саволомез ба сӯҳбат мепардохт: «Охир марги мазкур ба касе лозим набуд». Ин давраи расидан ба синни балоғат буд. Вай соатҳо дар кӯчаҳои туманолуди шаҳр қадам мезад ва мисраъҳои шеърҳои дар маҳфили адибони ҷавон шунидааш паиҳам дар гӯшаш аз нав садо медоданд. Аз ҳама бештар муаллифи шеърҳо ӯро мафтун карда буд: ҷавони зебо, бо қиёфаи бепарвоёна ва насаби аҷоиб – Блок.

Оҳиста-оҳиста Лиза ба қарори қатъӣ омад, ки ҳамин шоир шахси ягонаест, ки метавонад рӯҳи исёнгари ӯро таскин бах-шад. Вай нишонии шоирро пайдо намуд ва рафт сӯи Галерная, 41, ба манзили Блок, аммо ба худ тасаввур карда наметаво-нист, ки барои чӣ меравад. Бори аввал мақсуди дилашро наёфт, дафъаи дуюм низ, чун бори сеюм хӯҷайни хонаро пайдо накард, азм намуд, ки интизораш мешавад. Ва ӯ падид омад «бо куртаи васеи сиёҳи гиребонаш лабгардон... оҳиста –оҳиста, бисёр шармгинона». Духтарак ба ӯ ҳамаи дарду аламҳояшро фурӯ рехт, аз хусуси бемаъно будани зиндагӣ, билкул тағйир додани ҷаҳони зери гардун ҳарф зад.

пешина
аз 424
навбатӣ