Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Дигар ӯ аз хона нагурехт. Издивоҷ бо шарқшинос, олими шинохта Макс Мэллоун, ки аз Агата 15 сол хурд буд, барояш ҳаёти осуда овард. Вай зиндагиро дӯст медошт ва аз он хуб лаззат бурда ҳам метавонист. «Яке аз асрори бузурги ҳастии инсон ин аз ширинии ҳаёт, ки ба ту ҳадя шудааст, лаззат бурда тавонистан аст», - навишта буд дар ёддоштҳояш.

Елизавета Юревна
Кузмина - Караваева

(Солҳои зиндагиаш
1891-1945)

Шоираи рус. Муаллифи маҷмӯаи шеърҳои «Косахонаҳои сари скифҳо» (1912), «Руф» (1916), қиссаи тарҷумаиҳолии «Ҳамвории рус» (1924). Аз соли 1919 дар муҳоҷират зистааст, соли 1931 мӯйҳояшро бурида, маросими роҳибиро ба ҷо овард. Узви ҳаракати Муқовимати Франция бар зидди фашистон. Дар лагери консентратсионии Равенсбрюк бо дасти гитлерчиён қатл шудааст.

Лиза Пиленко (насаби духтарии Кузмина -Караваева) дар
оилаи муқаррарии дворянҳои зиёӣ таваллуд ёфтааст, сарвари
хонавода дар хизмати ҳукумат буд, аз ин рӯ онҳо ҳар сол аз ҷое
ба ҷои дигар мекӯчиданд. Лиза дар Рига ба дунё омада бошад
ҳам, наврасиаш дар Анапа сипарӣ гаштааст. Ин шаҳрчаи дурдасти хилват бо қаторҳои анбӯҳи токзораш, хоктеппаҳои қадимааш барои духтарак олами афсонаҳоро пешкаш кард.

пешина
аз 424
навбатӣ