Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

соҳиби истеъдод буданро барои адиб чизи асосӣ медорист.

Симои Пуаро, хуфияи маъруфтарини асри ХХ, ба монандӣ Шерлок Холмс ва Мегрэи нозир, дар тафаккури нависанда ногаҳон шакл гирифт. Вай баъди хати сюжети асари нахустинашро кашидан, фаҳмид, ки барои барқарор кардани ҳақиқат хуфия зарур мешавад. Ва ҳамоно ӯ вайро рӯ ба рӯ тасаввур намуд: шахси ғалчаи мӯйлабдор, ки ҳамеша ашёҳо ва далелҳоро бо тартиб ҷо ба ҷо мегузошт. Аз сабаби он ки дар маҳалли онҳо дар солҳои ҷанги якуми ҷаҳон бисёр гурезаҳои белгийӣ мезистанд, Кристӣ ба хулосае омад, ки метавонад дар байни онҳо нозири пулиси мустаъфӣ ҳам бошад. Агата бо киноя қаҳрамони ғалчаашро ба номи зебо сазовор донист: Геркулес Эркюл Пуаро.

Мисс Марпл бошад худи бибии меҳрубонаш мисс Миллерро мемонд, ки се шавҳарро ба хок супурда, дар ҳаштодсолагиаш ҳам дилаш бо дидани марди хушсурате гум мезад.

Ба ғайр аз офаридани асарҳои пурмоҷаро Агата Кристӣ хариди хонаҳои бошукӯҳи қадимаро дӯст медошт. Вай аз ҳисоби ҳаққи қалам сарватманд гардид ва сарфи маблағи зиёдро ба худ раво медид. Ӯ ҳафт хона харид ва бо навбат дар онҳо мезист. Кӯшки харидааш Стайлс ба вай бахт наовард. То Агата се соҳиби пештараи он хонавайрон шуда буд. Ба қавли Кристӣ ороиши хона ба ин мусоидат мекард. Вай нав ба дигар тарз оро додани хона пардохта буд, ки шавҳараш Арчибалд Кристӣ ба духтараке дил бохту Агатаро тарк кард. Ин ҳодиса моҳи декабри соли 1926, баъди чопи романи «Куштори Роҷер Экройд», ки ба муаллиф шӯҳрати ҷаҳонӣ овард, ба вукӯъ пайваст. Аз ғаму андӯҳи зиёд нависанда пинҳонӣ аз хона баромада рафт, пулис танҳо мошини дар кӯчае гузоштаашро пайдо намуду халос. Рӯзномаҳо хабарҳои мухталифро дар хусуси якбора ғайб задани Агата ба табъ мерасонданд. Охир адиби детектив гум шуда буд ва ба ин воқеа муштариён таваҷҷӯҳи зиёде доштанд. Ба ҳар ҳол пас аз як ҳафта Кристӣ ёфт шуд, вай дар меҳмонхонае бо исми қалбакӣ зистааст.

пешина
аз 424
навбатӣ