100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
қиссаҳо бошад ончунон сода, ки барои омӯхтани лисони англисӣ ба хориҷиён тавсия мешаванд. Аммо асрори муваффақияти Агата Кристӣ дар чист ва чаро одамони гуногунхислат ва намояндагони бисёр миллатҳо дар атрофи асарҳои ӯ бо ҳам муттаҳид мегарданд?
Ҳаёти нависанда, чи тавре ки зикр гашт, орӣ аз ҳар гуна моҷаро, дасисаю ишқварзиҳо буд. Баръакс вай дар зиндагӣ зани порсою некройро мемонд. Ин бесабаб ҳам набуд. Зеро бачагии Кристӣ ба охири давраи «викторианӣ» рост меомад, ки бонувон он замон дар иҷрои ӯҳдадории зану шавҳарӣ, оиладорӣ хулқу атвори пуританӣ доштанд.
Падари Агата Фредерик Миллер зодаи Амрико буд, вале ӯ дар Англия хеле зиёд зист ва дар хонаи вай, ки он ҷо нависандаи оянда ба воя расид, аз «амрикопарастӣ» чизе ба ёдгор ҳам ёфт намешуд. Чи тавре ки ба тарбияи викторианӣ хос аст, Агата маълумоти ҳаматарафаи мактабӣ нагирифт, вале асарҳои Валтер Скотт ва Диккенсро бо завқ мутолиа мекард, навохтани созҳои мусиқӣ ва сурудхониро машқ менамуд, дар оянда санъатвар шудан мехост. Аммо шармгинии аз ҳад зиёд ба ин монеъ гашт. Агата дар назди тамошобинон бехато сурудану навохтанро ёд нагирифт. Аз шарми зиёд даступо мехӯрд, матнро аз ёд мебаровард. Минбаъд низ масалан аз соли 1958 то 1976, ки Президенти клуби детектив буд, доимо аз нӯшбод гуфтан ва ҳам суханронӣ даст мекашид. Ва боз як далели аҷоиб: Агата Кристӣ барои маҳви камсаводӣ ба мактаб меравад ва бори нахуст мефаҳмад, ки кунҷи рост ҳам мешудааст. Чи тавре ки Шерлок Холмс низ то дер курашакл будани заминро намедонистааст.
Дар айни ҷавонӣ Агата дар дил орзуи нависанда шуданро намепарвард. Ӯ дар муҳите тарбия меёфт, ки нависандагиро шуғли ҷиддӣ намепиндоштанд. Духтарон бошанд танҳо хаёли бобарор ба шавҳар баромадан мекарданд. Разму русуми оиладорӣ дар ниҳоди Агата чунон чуқур реша давонда буданд, ки

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор