100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
бо ягон нишона аз дигарон фарқе надошт, бар замми он маълумоти ҳақиқии мактабӣ наандӯхтааст ва ҳам донандаи комили «зиндагӣ»
нест, яъне ӯ ба ҷое сафар накардаву азоби роҳ начашида, ба ҳодисаҳои моҷароангез напечида, якбора нависандаи аз ҳама серхонандаи асри ХХ гашт ва ҳам «Маликаи детектив» унвон гирифт? Дар тӯли фаъолияти шастсолаи эҷодӣ Агата Кристӣ 68 роман, садҳо ҳиқоя ва 17 намоишномаро ба табъ расонд. Асарҳои ӯ ба 103 забон тарҷума шудаанд.
Аз мунаққидони шинохтаи замон кадоме ҷуръат намуда, гуфта метавонад, ки бо кадом сабаб зиёда аз чил сол боз дар Лондон театри танҳо як пйеса вуҷуд дорад, ки аз соли 1952 инҷониб муттасил дар толори пур аз тамошобин ҳар шаб ҳунарварон намоишномаи «Мушгирак»-и Агата Кристиро ба саҳна мегузоранд.
Худи нависанда бо як лаҳни шӯхиомез дар «Зиндагинома»-аш сабаби дар саҳна умри зиёд дидани онро зикр сохтааст.
Маълум гардид, ки нахуст асар дар ҳаҷми хурд барои радио эҷод гашта, «Се мушаки нобино» ном доштааст. Баъдтар дар асоси он намоишнома барои театр офарида шуд. Агата Кристӣ он замон андеша доштааст, ки пйеса дар саҳна ҳамагӣ 8 моҳ умр мебинад. Як шиноси ӯ, арбоби театрӣ, сахитар буд дар ин пешгӯӣ. Вай 14 моҳ дар саҳна истодани пйесаро тахмин зад.
Вале аз ҳар ду ҳам «валӣ» набаромад.
Аксарияти ҳаводорони адиб ба чунин ақидаанд, ки бисёр
сюжети асарҳои ӯ бофтаанд, тарзи ҳалли муаммо, сирру асрор аз ҳақиқат дур аст, қаҳрамонҳо ба ҳам монанданд, забони

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор