100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
муваққатӣ намедонист. Барои вай ин фалокати ҷаҳонӣ, барҳамзании маънавиёти башар буд.
Ҳарчанд ба сари Аҳматова шамшери ҷаҳолат овезон меистод, вай зинда монд, бо сабабҳои ба мо номаълум. Сталин ӯро «зани порсо» мегуфтааст ба ақидаи ровиёни ахбор. Ба назар мерасад, ки ӯ моҳияти хислати Аҳматоваро дарк намудааст. Дар ҳақиқат ҳамаи воқеаҳои ишқварзии шоира ба замони аввали инқилоб рост меоянд. Ошиқонаш, Борис Анрепов соли 1923 ба Англия гурехт, Артур Луре низ бо ҳунарпешаи театр Олга Судейкина аз хориҷа барнагашт. Шавҳари охиринаш Николай Пунин баъди озодӣ аз маҳбас ба назди завҷааш наомад. Ҳамин гуна аст таърихи ишқварзиҳои шоираи шӯҳратманд. Ҳеҷ гоҳ нерӯи офарандаашро ба мардон набахшидааст, ҳамаи ҳиссиёти пуршӯру шари ӯ ба эҷоди шеър масраф гашт. Дар як сӯҳбати хосае сухан дар бобати бонувони бо назокат, латиф, ба дастгирии дигарон эҳтиёҷманд, мерафт. Аҳматова риштаи сӯҳбатро бо зарб канда гуфт: «Заифон ҳама мурдаанд, танҳо нерӯмандон зинда монданд».
Агата Кристӣ
(Солҳои зиндагиаш 1890-1976)
Нависандаи англис. Қаҳрамони бисёр роману повестҳои пурмоҷарояш хуфияи ҳаваскор Пуаро ба ҳисоб меравад, ки вай шахси мушоҳидакор ва дорои фаросати беназир буд, аз ҷумла дар асарҳои «Пуаро таҳқиқ мекунад», «Асрори оташдони деворӣ», «Куштори Роҷер Экройд» ва ғайраҳо. Ӯ муаллифи пйесаҳои «Шоҳиди муддаӣ», «Мушгирак» ва ҳоказост.
Бо бурҳони қотеъ посух додан ба ин савол қариб ғайриимкон аст: барои чӣ ва чӣ тавр духтараки деҳотии англис, ки

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор