100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
аквариум, ки заминҷунбиро пеш аз вуқӯъ пай мебаранд, ба амал пайвастани воқеаҳои таърихиро дарк месохт.
Октябри соли 1964, вақте ки Хрушёв аз вазифа барканор гардид, Аҳматова ҳодисаи мазкурро чунин шарҳ дод: «Ҳамаш вобаста ба Лермонтов. Дар солгарди ӯ доимо ҳодисаи мағшу-ше ба амал меояд. Дар садсолагиаш, соли 1914 ҷанги якуми ҷаҳон, дар садсолагии рӯзи маргаш, соли 1941 Ҷанги Бузурги Ватанӣ сар шуд. Яксаду панҷоҳ сол — сана худ ба худ одист, воқеаҳо бошанд басо ҷиддӣ. Аммо, ба ҳар ҳол, ин пайваст аст ба аломатҳои осмонӣ...»
Дигаргуниҳои фалокатбори ҷомеа ба сари Аҳматова бадбахтиҳо оварданд. Дар соли 1921 бо гуноҳи зиддиинқилобӣ Гу-милёв паронда шуд. Солҳои сиюм — замони пайваста ба ҳабс гирифтани писараш, донишҷӯи Донишгоҳи Ленинград ва шавҳ-ари сеюмаш Николай Пунин буду худи шоира низ дар интизо-рии омадани «зоғи сиёҳ» шабҳоро нимхобу нимбедор рӯз ме-кард. Дар маҳбасҳо навбат мепоид, қатори одамон басо тӯл мекашид ва ӯ ҳабдаҳ моҳ рӯзҳои сангини пур аз интизорӣ ва дарду аламро ба сар бурд. Ва дар ҳамин роҳравҳои маҳбас достони маъруфаш «Реквием» (намози ҷаноза, марсия) эҷод гашт, аммо он танҳо пас аз панҷоҳ сол ба нашр расид. Вале дар он солҳо Аҳматова ҳатто ба коғаз боварӣ надошт. Дар хо-нааш барои одамони садоқатмандаш порае аз достонро мена-вишт ва баъди мутолаа зуд варақро оташ мезад. «Ин як маро-симе буд: дастҳо, гӯгирд, хокистардон маросими зебо ва ала-мангез...» ба ёд меорад тарзи шиносоиашро Лидия Чуковская бо «Реквием».
Дар солҳои мудҳиши санҷиш хислати пӯлодини Аҳма-това бо тамоми ҳастӣ зуҳур кард. Маҳз ҳамон вақт, ки имко-нияти на танҳо чоп намудан, балки навиштан ҳам надошт, Анна Андреевна ба қулраи баландтарини эҷодӣ расид. Лири-каи ӯ шӯҳрати Шекспирӣ гирифт. Аҳматова ҳодисаҳои сарза-даи кишварашро гумроҳии шахсони алоҳида, қонуншикании

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор