Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Гумилёв издивоҷ намуд. Аммо ҳафт соли расо хостгории шавҳари ояндаашро рад мекард ва ахиран ба никоҳ сар фуровард.

Николай Гумилёв, шахси беҳад фаъол, суботкору хаёлпараст, филфавр истеъдоди фавқулоддаи завҷаи ҷавонашро зери қанот гирифт. Вай дар байни дӯстдорони адабиёт одами шинохта буд ва ба андешаҳояш гӯш меандохтанд. Анна бошад то ин дам танҳо як шеърашро дар маҷаллаи «Сирус»-и Париж ба нашр расонда буду бас. Зери роҳбарии бевоситаи Гумилёв шеърҳои парокандааш дар як маҷмӯа гирд омаданд. Китоб бо номи «Шом», ки 46 шеърро дар бар мегирифт, ба дасти хонанда расид. Аммо на нуқтаи назари ягона ба адабиёт ва на муҳаббати сӯзон ҷуфти мувофиқро аз ҷудоӣ эмин нигоҳ дошта тавонистанд. Онҳо аз ҳад зиёд шахсияти бузург, соҳиби истеъдоди беназир буданд ва хислатҳо сабаб гаштанд, ки якдигарро набахшанд. Яке сояи дигареро аз девор метарошид. Аҳматова аз хиёнати бешумори шавҳараш сахт азоби рӯҳӣ мекашид. Гумилёв ба он муросо карда наметавонист, ки завҷаи нозукбаданаш дар шеър баробари ӯст ва шояд аз ин шоири эътирофгашта ҳам пеш гузашта бошад.

Баъди таваллуди писар, ки Лев ном гирифт, онҳо аз ҳам ҷудо шуданд. Бояд гуфт, ки Аҳматова аз мардҳо омади бахтро надид. Вале Анна Андреевна метавонист бо писараш фахр намояд. Лев Николаевич Гумилёв ҳаёти бобаракате дид, ба ворисон аз худ асарҳои зиёди гаронбаҳои таърихӣ вогузошт.

Эҷодиёти давраи ҷавонии Аҳматова бо равияи акмеизм
(санъат барои санъат) сахт пайванд буд. Асосгузорони ин ҷараён Гумилёв ва Городетский буданд ва онҳо акмеизмро бар зидди символизм (тасвири рамзӣ) муқобил мегузоштанд. Вале дар
ҳамон замон Блок Аҳматоваро аз байни пайравони ин ҷараёни
адабӣ ҷудо намуда, ба лирикаи ӯ баҳои баланд дод. Лирикаи
ишқии вай моломоли гувоҳии дил, ҳисси пешакии аён гаштани
ҳодисаҳо буд. Ҳис намудани қадамгузории таърихро табиат
ба Аҳматова арзонӣ дошт. Вай ба сони сагу гурба ва моҳиҷаҳони

пешина
аз 424
навбатӣ