Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Тамоми гули сари сабади маданияти рус хазон гашт, вале ӯ ҳамоно зинда буд, гӯё барои иҷрои кори фавқулодда муҳим - ба одамони солҳои 60-ум расонидани воқеаҳои мудҳиши замони худ- вазифадор шуда бошад. «Асри ХХ тирамоҳи соли 1914 бо ҷанги якуми ҷаҳон оғоз ёфт, чуноне ки асри XIX бо Конгресси Вена ибтидо гирифта буд. Рӯзҳои тақвимӣ аҳамияте надоранд...» Шояд вай ба шарофати эҳсосоти шигифтангези тавоно ин сатрҳоро нигошта ва воқиф гашта бошад, ки бо мурдани ӯ ҳамроҳаш як давраи том низ аз байн меравад, асри нуқрагини адабиёти рус абадӣ ба поён мерасад.

Нахустин ёддоштҳои Аҳматова ба Сарское Село пайвандӣ доранд, ки соли 1890 оилаи Горенко аз Одесса ба ин ҷо кӯч баста буд. Мавзеи дӯстдоштаи Пушкин барои Анна сарчашмаи ҳаёт ва илҳом гардид. Дар ин деҳа духтараки ёздаҳсола аввалин шеърашро эҷод намуд. Ва ҳам бори якум шеърҳояшро ба чоп расонд. Аз нашр шудани шеър падараш ба хашм омад ва он гоҳ алорағми қиблагоҳаш ба худ тахаллуси шоири баргузид: Аҳматова. «Танҳо духтараки ҳабдаҳсолаи шӯх метавонист барои шоири рус тахаллуси тоторӣ бигирад...» Худи Анна Андреевна дар бораи модараш зиёд навиштааст. Гӯё ӯ аз авлоди хони муғул Аҳмадхон бошад ва баъди ҳукмронии Аҳмадхон дар Русия зулми муғулу тотор ба охир расидааст. Шояд ин гуфтаҳо аз ривояте беш нестанд. Вале симои зоҳирии шарқиёнаи шоира ва шоҳона қомат афрохтанаш ба он далолат мекарданд, ки суханонаш асосе доранд.

Дугонами Аҳматова В. Срезневская чунин ба ёд овардааст: «...даҳони ғунча, лабони нозук ва қаиш, ба мисли баргаки биҳӣ, пӯсти барфосо сапсафед дошт, шиновари беҳамтое буд. Охир ӯ дар соҳили баҳри Сиёҳ ба воя расидааст. Вай ба ҳангоми шино фариштаи обиро мемонд, ки тасодуфе ба кӯли деҳа оварда- аст. Бесабаб нест, ки Николай Степанович Гумилёв зуд ба ӯ дил бохт ва солҳои мадид ин зани фалокатоварро дӯст дошт». Дар оғози солҳои даҳуми асри ХХ Аҳматова бо шоири машҳур

пешина
аз 424
навбатӣ