Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Уланова чор сол аз устоди шинохта Агриппина Ваганова дарси маҳорат омӯхт ва баъди хатми омӯзишгоҳи хореографӣ даҳ соли дигар бо роҳбарии ӯ ҳунарвариашро сайқал бахшид. Ваганова баҳри ҳар як шогирдаш роҳу тариқи хосаи муомиларо ба кор мебурд. Омӯхтани усулҳое, ки барои дигарон осон буд, ба Уланова душворӣ меовард. Агриппина Яковлевна ба Галина бо эҳтиёт муносибат мекард, ба хоҳиши дили шогирдаш эътибори ҷиддӣ медод. «Махлуқи лоғараки нозукбадани ғайризаминӣ...», - навишта буд баъдтар Ваганова дар хусуси шогирдаш.

21 октябри соли 1928 дар намоишномаи «Фриштаи хуфта» Уланова нақши Флоринаро бозид. Рақсиданаш дар «Кӯли қувон» бароиш шӯҳрати ҷовид овард. Шояд ӯ нахустин раққосаи балет буд, ки маърифатро дар он ҷой дод. Қобилияти фикрӣ, хусусиятҳои зеҳниро дар рақс истифода бурд. Тавъамшавии ғайриоддии мафҳумҳои мазкур ин симои хосаи Уланова аст. Анна Аҳматова боре гуфта буд: «Ҳар як ситораи балет сифати шигифтоваре дошт, аз «доди Худо» баҳравар буд, яке соҳиби зебоӣ, дигаре қомати расо, савумӣ андоми дилкаш буду чаҳорумӣ бо иродаи қавӣ ва нерӯи адонопазир фарқ мекард. Уланова чизеро молик набуд, ӯ ба мисли Золушка хоксор ва ноаён буд, аммо дар охир бар ҳама ғолиб омад, ба зинае баромад, ки барои дигар гулрухон дастнорас аст».

16 майи соли 1928 Уланова ҳангоми хатми омӯзишгоҳ дар Театри опера ва балети шаҳри Ленинград дар намоишномаи «Шопениана»-и М. Фокин баромад карда, ба саҳнаи калон бори аввал қадам гузошт. 29 декабри соли 1960 низ аз «Шопениана» нақш бозид ва бо рақси шигифтангезаш ҳамаро бори дигар дар олами ҳайрат гузошт. Ва бе ягон шӯру шар саҳнаро тарк намуд. Аҷаб тасодуфе.

Дар байни ин ду «Шопениана» як давраи томи таърихи хореография, саҳифаҳои зарини он сабт ёфтаанд.

пешина
аз 424
навбатӣ