Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

маслиҳат доданд ба ӯ, — чанд сухани миннатдорӣ изҳор намоед». Вале ин аз имконияти Галина боло меистод, тарси сухан гуфтан дар назди ҳозирин ӯро ба сукут варзидан маҷбур кард.
Он гоҳ ӯ ба мағозаи гулфурӯшӣ рафт ва барои ҳар як ҳамкораш гуле харид. Рӯзи дигар дар лавҳи нотамонии муғанниён ва мизи гримкунии актёрҳо гуле аз Уланова мехобид. Яъне барои ӯ аз сухан гуфтан амал кардан беҳтар ва самимӣ менамуд. Зеро табиати ӯ, мафкураи ӯ пурра дар ҳаракат буд.

Дар оилаи Улановҳо бар зидди табассуми сохта сахт мубориза мерафт. Ба намоиш гузоштани ҳиссиёти қалбакӣ маҳкум мешуд. Чунин тарзи зиндагӣ ба духтарак ёрӣ расонд, ки дар олами балет, ки он ҷо зебоӣ бисёр вақт бо ҳүсни зоҳирӣ, илҳом бо тумтароқию риёкорӣ дармеомехтанд, ҳолати табиии худро нигоҳ дорад.

«Вай балеринаи ҷиддӣ буд, — мегӯяд роҳбари гурӯҳи балети Театри ба номи Киров Ф. Лопухов, — заррае хоҳиши ба касе писанд омадан надошт, ҳеҷ гоҳ таннозию ишвафурӯшӣ низ накардааст». Ҳол он ки ба қавли бисёриҳо балерина бояд бо нозу адо ишвафурӯшӣ намояду шӯхона бихандад. Ҳатто модараш боре дар рафти намоишномае аз паси саҳна бо илтиҷо пичирос мезад: «Галя, як табассум, аз барои Худо, як табассум, як боракак...» Вале Галина табассуми сохта кардан нахост. Вай зиндагии сунъиро намепазируфт. Ӯ бо амри дил дар рӯи саҳна мерақсид ва чизе, ки ба қалбаш наменишаст, аз иҷрояш даст мекашид. Аз рӯзи нахустини ба саҳна қадам гузоштанаш танҳо рафтори табиӣ хоси ӯ буд.

Уланова дар ниҳоди рақс андешаҳои сахт ниҳонгаштаро дар хусуси зиндагӣ ва табиати инсон ҷой мекард. Лопухов мегуфт, ки ҳангоми ба толори машқ ворид гаштан, ки он ҷо Галинаи ҳанӯз наврас бо дугонаҳояш мерақсид, вай қариб ки аз ҳаракатҳои ҷозибадору ҳайратангези Уланова чашм канда наметавонистааст.

Ӯ бинандаро бо он мафтун ва тасхир менамуд, ки гӯё ҳамеша дар рақс асту аз вуҷуди атрофиён бехабар дар баҳри беканори олами ботиниаш шиновар асту танҳо барои худ мерақсад.

пешина
аз 424
навбатӣ