Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

падар духтарчааш дар рӯи даст шаҳри яхбастаро аз шимол ба ҷануб қадам мезад. Сабақҳои аввалини Уланова низ бо толорҳои сард, аз гуруснагӣ беҳуш шуданҳо пайвандӣ доранд. Аз ин рӯ беҳуда нест, ки барои ӯ балет ҳеҷ гоҳ «афсонаи шавқангез» набуд. «Не, ман хоҳиши рақсидан надоштам. Меҳр бастан ба он чизе, ки иҷрояш хеле душвор аст, осон нест. Мушкилӣ бошад, ҳама вақт буд. Раққосони балет ҳамеша аз дарди тоқатфарсои пойҳо ё аз бебарории кор шиква доранд».

Ҳангоми омӯхтани рақси балет Улановаи хурдакак бисёр вақт мегирист ва талаб мекард, ки ба хона баранд. Ӯ машқи ҳаррӯза, такрор намудани нозукиҳои рақсро чашми дидан надошт. Вай ба хотир ҳам намегирифт, ки замоне фаро мерасаду машқҳои пайваста ба ҷузъи ҷудонашавандаи ҳаёташ табдил меёбанд ва бе рақсу саҳна рӯзе ҳам зиста наметавонад. Дар он давр ӯ аз суханони модараш сахт метарсид. Мария Фёдоровна чунин талқин мекард:

«Агар машғули машқ нашавӣ, ту соҳиби чизе намешавӣ, ҳатто бе касбу ҳунар мемонӣ. Машқ, машқ ва боз ҳам машқ кардан зарур аст, то ки раққосаи машҳур гардӣ». Бе касб мондан дар оилаи Улановҳо бадбахтии бузург ҳисоб мешуд, ба сифати касб бошад танҳо балет дар ҷои аввал меистод.

Ва ӯ пайваста машқ мекард. Дур афкандани хасташавӣ, беморӣ (Уланова дар синни кӯдакӣ беҳад заиф буд), маъюсӣ ва шармдорӣ бо душворӣ муяссар мегашт. Шарму ҳаёи аз ҳад зиёд бароиш дар ҳама бобат мушкилиҳо эҷод мекард. Вай наметавонист худро маҷбур созад, ки ба саволҳои омӯзгор посух диҳад, вақте ки муаллим ӯро ба назди тахтаи синфӣ мехонд, сархам меистод ва ашк мерехт. Аҷоиб, ки чунин ҳолати баста шудани нутқ баъди машҳури ҷаҳон гаштани Уланова низ боқӣ монд. Боре баъди бемории тӯлонӣ ҳунарпеша ба театр меояд ва ҳамкорон ӯро гарм истиқбол мегиранд. Галина Сергеевнаи ба риққат омада, ба фикр фурӯ рафт, ки дар ҷавоби меҳрубонии рафиқон чӣ подоше диҳад. «Пагоҳ, пеш аз оғози машқ,-

пешина
аз 424
навбатӣ