Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

озод, шӯъбадабоз, густох, таннозу бокарашма бошанд. Онҳо гӯё вазифадор буданд, ки ба тамошобин илқо созанд, ки аз дигар дунё омадаанд. Аз ҷаҳоне, ки мардумаш шоду масрур асту яъсу ноумедӣ, афсурдаҳолӣ бароишон бегона. Умуман, актёрӣ, дар назари мо, касб нест, балки тарзи хислат, мантиқи ҳаёт, хоҳиши ҳамеша дар назди мардум будан аст.

Улановаи беҳамто бо ҳаёти зоҳидонааш, бо тақдир ва аз баҳри зиндагӣ гузаштанҳояш миси ин ақидаи устуворро дар хусуси артистҳо баровард, онро билкул ботил сохт. Галина Сергеевна тавре мезист, ки гӯё фаъолияти ӯ бо ҳаёти зоҳидона, бо хизмати олии софдилонаву поку беолоиш пайванд аст ва ба он барои одамони ғайри дилхоҳу серташвишу телба роҳ нест.

Зодварони Уланова, актёри балет ва таҳиягар С. Уланов ва М. Романова, раққосаи усули классикӣ ва педагоги барҷаста буданд. Табиист, ки Галина аз овони бачагӣ ба чи сон вазнину тоқатшикан будани ҳаёти ҳунарпешаи балет аллакай сарфаҳм мерафт. Вай дар замони душвори баъдиинқилобӣ ба воя мерасид. Падару модар барои қути лоямут дар кинотеатрҳо то оғози филм мерақсиданд. Аз як гӯшаи Петербург то канори дигар, зери барфу борон онҳо аз дасти духтарчаашон гирифта ба кинотеатрҳои яхдон барин сард мерафтанд ва дар он ҷо Мария Фёдоровна, аз хунукӣ дандон ба дандон зада, валенкаҳоро аз пойҳояш бароварда, кафшҳои атлас мепӯшид. «Онҳо бо шавку завқи воло мерақсиданд, - навиштааст дар ёддоштҳояш Уланова, - тарзе мерақсиданд, ки одамони дар толори сард нишаста табассум мекарданд, худро хушбахт меҳисобиданд, ки шоҳиди чунин рақси зебою шево, моломол аз шодӣ, рӯшноӣ ва шеърият шуданд».

Вақте ки филм мерафт, ҳунарварон дар хоначаи киномеханик дам гирифта, ба баромади навбатӣ омода мегаштанд, Галюи хурдакак аз паси саҳна ба парда менигарист ва хоболуд манзараҳои аҷоибу ғароибро тамошо мекард. Посе аз шаб

пешина
аз 424
навбатӣ