100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
Менелай, будааст. Баъдтар номгӯи достонҳо то «Илиада» ва «Одиссей» ихтисор гардид, баъзе олимон «Маргит»-ро ба ин рӯйхат зам менамоянд.
«Илиада» як воқеаи муҳорибаи Троя, ҷанги байни пешвои ахейҳои шоҳи микенҳо Агамемнонро бо қаҳрамони юнонӣ Ахиллес, ҷанговари ҷасур ва нерӯманд, ба чаҳорчӯбаи тасвир гирифтааст. Барои «Илиада» маҷмӯи ривоятҳо дар атрофи Троя, акси садои юриши бузурги юнониҳои микенӣ ба қалъаи Осиёи Сағир, сарчашмаи асосӣ мебошад.
Вале баъзе лаҳзаҳо бо дигар воқеаҳои таърихӣ тавъам гашта, дар навбати худ ҳикоятҳои навро дар васфи қаҳрамо-нҳо ба миён овардаанд.
Муҳосираи шаҳр нӯҳ сол идома ёфт. Баҳодурони юнонӣ бисёр корномаҳо карданд ва ҳамаи онҳоро Ҳомер муфассал ба риштаи назм кашидааст. Ӯ дар эҷодаш аз сохти анъанавии шеъри юнонӣ — гекзаметр — шеъри ҳар мисрааш шашрукна исти-фода бурда, лаҳзаҳои муҳориба, сару либоси ҷанговарон, раф-тору кирдор ва маҳалли ҳарбу зарбро воқеъбинона сурудааст. Ба шарофати достонҳои Ҳомер тарзи ҳаёти иҷтимоии сипоҳиё-ни юнонӣ имрӯз бароимон торик нест. Ҳатто аз сурудаҳои ӯ археологҳо вайронаҳои Трояро ёфтанд ва таърихдонҳо аниқ карданд, ки дар ҳақиқат ин шаҳр тахминан солҳои 1200 то ми-лод аз тарафи юнониҳо забт шудааст.
Пас аз фатҳи шаҳр ва озод намудани Еленаи париваш ғоли-бон роҳи бозгаштро пеш мегиранд. Чавҳари достони «Одис-сей» саргузашти минбаъдаи онҳост. Қаҳрамони марказии дос-тон Одиссей, шоҳи ҷазираи Итака, ҷанговари далер, сайёҳи муғамбири ҳилагар аст. Вай дар роҳи бозгашти даҳсола бо би-сёр махлуқҳои афсонавӣ, ҷодугарон, одамхӯрон сар ба сар гаш-та, ҳамеша ба шарофати ақл бар онҳо пирӯз мешавад. Шоир дунёи ботинӣ, ғаму андӯҳи қаҳрамони асосии достонро хеле мутаассир сурудааст. Баъди роҳи тӯлонӣ Одиссей ба Итака қадам мегузорад, завҷааш Пенелопаро аз таҳқиру тамасхури

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё