Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

пораҳои лирикӣ ҳамчун тиллои холис суфта шудаанд», - нигошта буд Белинский.

Маълумоти тарҷимаиҳолӣ, ки дар хусуси Ҳомер муаллифони антиқӣ овардаанд, ба ҳам мухолиф буда, ба ҳақиқат рост намеоянд.

«Ҳафт шаҳр ҳамчун зодгоҳи Ҳомер дар сабқат аст: Смирна, Хиос, Колофон, Пилос, Аргос, Итака, Афина», - омадааст дар як эпиграммаи юнонӣ. Оид ба замони зисти Ҳомер низ олимони антиқӣ санаҳои гуногун (аз асри XII то милод (баъди муҳорибаи Троя) то асри VII то милод)-ро ном гирифтаанд. Аз рӯи ақидаи тадқиқгарони замони мо Ҳомер дар асри 8 то милод зистааст.

Манзили эҳтимолии охирини ӯ ҷазираи Хиос аст. Шояд Ҳомер (аз калимаи юнонии Homeros-гаравгон) тахаллусу номи аслии шоир Мелесиген бошад.

Баъзеҳо дар чунин ақидаанд, ки Ҳомер нобино буд ва ҳатто савод надошт, вай сурудҳои худро навишта наметавонист.

Чи тавре ки аксари тадқиқгарони осори Ҳомер мепиндоранд, достонҳои шоир дар Осиёи Сағир, дар Ионии асри VIII то милод дар асоси ривоёти мифологӣ оид ба муҳорибаи Троя эҷод гаштаанд.

Дар замонҳои қадим ба Ҳомер достонҳои ҳаҷвии «Маргит» ва «Ҷанги мушу қурбоққаҳо», маҷмӯи асарҳо оид ба муҳорибаи Троя ва ба Юнон бозгаштани қаҳрамонон, аз қабили «Киприй», «Эфиопида», «Илиадаи хурд», «Забти Илиона», «Бозгашт»-ро нисбат медоданд. Зери унвони «Сурудҳои Ҳомер» маҷмӯае вуҷуд дошт, ки 33 сурудро дар васфи худоҳо дар бар мегирифт.

Қиссаҳои асотирӣ, ки дар онҳо корномаҳои қаҳрамонони афсонавӣ Ахиллес, Одиссей, Ҳектор васф мешуданд, ба сифати мундариҷаи достонҳои Ҳомер хизмат кардаанд. Дар достони «Илиада» чи хел бо сарварии шоҳ Агамемнон муҳосира гаштани шаҳри Троя васф шудааст. Сабаби сар задани ҷанг аз ҷониби Парис, писари шоҳи Троя, дуздидани Еленаи соҳибҷамол, завҷаи

пешина
аз 424
навбатӣ