Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

сӯзанакҳо тарҳи нав дармеандохт. Ба ин ҳунарвар танҳо як ҷуфт қайчӣ ва якчанд ҳаракати муназзам кифоя буд, ки аз ғарами матои бемазмун зебоӣ падид ояд.

Ба шарофати боигарӣ Шанел бо бисёр адибон, рассомон ва ҳунарпешаҳо ошно шуд. Вай ба санъатварони балети рус аз ҷиҳати моддӣ ёрӣ медод ва сафи чунин ниёзмандон рӯз ба рӯз меафзуд. Шанели як вақтҳо бенаво мехост ба ҳама мӯҳтоҷон мадад расонад. Кокто ва Пикассо, Дягилев ва Стравинский, Бакст ва Лифар, Ревердӣ ва Жуве бо ӯ дӯст буданд. Князи бузурги Русия Дмитрий Романов дӯсташ медошт, аммо дили Шанел ба фармони ҳерсоги Вестминстерский, узви оилаи шоҳони инглис, яке аз одамони бойтарини Британияи Кабир, метапид. «Зиндагии ҳақиқии ман баъди вохӯрӣ бо Вестминстерский оғоз гардид. Билохир соҳиби китфе шудам, ки ба он метавонам бо эътимод такя занам, дарахте ёфтам, ки битавонам зери сояаш ҳаловат барам», — мегуфт Шанел.

Вақте ки ҳерсог пешниҳоди издивоҷ намуд, Шанел онро чунин рад кард:

«Чаро ба ту ба шавҳар бароям, охир Коко Шанел яктои ҷаҳон аст, дар сурате ки Вестминстерҳо се нафаранд». Ҳерсог бева ва соҳиби ду духтар буд. Аммо Шанел озодӣ ва танҳоиро афзал донист.

Атри «Шанел, № 5» ба Коко шӯҳрати шигифтангез овард. Вай аз 80 ҳиссаи ба ҳам омехтаи анвои табиат атре кашф намуд, ки бӯи боғи зиндаро ба машом мерасонд, вале бӯи муаттар ба ягон гул хос набуд. Ҳангоми ҷанг дар назди мағозаҳои ӯ афсару аскарони олмонӣ, баъдтар амрикоӣ навбат меистоданд, то ки ба дӯстдоштаашон армуғоне бихаранд, шишачаи майдаҳаке аз атри Шанели парижӣ.

Шанел бори нахуст ҷавоҳироти ҳақиқию қалбакиро пайӣ-ҳам ба як ришта кашид, то ки ҷилои зару зеварҳои қалбакӣ дурахши ҳақиқӣ пайдо намоянд. Вай ба зиндагиаш низ чунин бозиро раво медид, ҳақиқатро бо тахайюлот ба ҳам меомехт.

пешина
аз 424
навбатӣ