100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
пулдор Бой Кейпел алоқа баст. Ин дафъа тақдираш хандид. Шанел рашки Балсанро бедор кард. Аз рақобати ошиқон фоида ба даст овард ва дӯкони фурӯши кулоҳро тартиб дод. Тиҷораташ зуд рушд ёфт. Бо ҳамроҳии Кейпел ба қабули ашхоси машҳур мерафт ва дар андак муддат худ низ аз бонувони шинохта маҳсуб гашт. Акнун ҳунарварони парижӣ барои дарёфти кулоҳҳои зебову ҳушрабо ба Шанел рӯи ниёз меоварданд.
Шӯҳрат омад, бойгарӣ низ. Аммо Шанел қонеъ набуд. Қалби ӯ туғён мезад, ақли ҷӯёаш дар такопӯ буд, бо буда қаноат намекард. Вай кайҳо эҳсос намуда буд, ки қаду қомати зан ҳангоми либоспӯшӣ эҳтиёҷ ба озодӣ дорад. Пероҳан бояд мантиқи худро дошта бошад, ба талаботи замон ҷавоб диҳад.
Нахустин пероҳани дӯхтааш аз матои черсӣ буд, ки то ин дам барои либоси занона истифода намешуд. Коко ҳамаи анъанаҳои ҳайётии даврро шикаста, услуби наве эҷод менамояд, ки дар он хушдӯхтӣ ва нозукии либос ба ҳама дастрас буд. Бонувони парижӣ шефтаи мӯди Шанел шуданд.
Ситораи шӯҳрати ӯ дар солҳои ҷанги якуми ҷаҳон бештар дурахшид. «Ҷанг ба ман ёрӣ расонд. Ҳангоми катаклизм, дигаргуниҳои ҷиддии харобиовар, инсон ба чӣ қодир будани худро ошкор месозад. Соли 1919 маро машҳури дунё кард», - навишта буд дар ёддоштҳояш.
Одам чӣ гуна ба илҳом меояд? Ба вуқӯъ пайвастани онро зери назорат гирифтан имконнопазир аст. Коко худ ба ёд овард буд: «Боре хунук хӯрдам ва свитери мардона пӯшидам, он шаб касе аз ҳамроҳонам инро пай набурд». Ва Шанел ба табдил додани баъзе аз пӯшокҳои мардона ба либоси занона пардохт. Ҳар чизе, ки вай ба он даст мезад, шакли ҳайратангез ба худ мегирифт. Камзӯлча, куртаи галстукдор, тугмаҳои мардона ва ғайра ба шарофати дастони эҷодгари Шанел дар бадани бонувон умри дигаре меёфтанд.
Шанел ҳеҷ гоҳ тарҳи либосҳоро рӯи коғаз наовардааст. Вай матоъро ба қади духтарон мепартофт ва бо ёрии қайчию

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо