100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
менамуд, ба зинаи болоии шаъну шуҳрат қадам мегузошт. Ин бонуи бузург навҷӯ, навовар ва нобиғаи мӯд гардид.
Ятимӣ ва бенавоӣ нахустин дорулфунуни Шанел буданд, аммо аз гузаштагони худ, деҳқонони кӯҳистони ҷануби Фаронса, ӯ матонат ва суботкориро ба мерос гирифт. Аз душвориҳо наметарсид, ба зиндагии хуш бовар дошт ва баҳри сайқал бахшидани донишу маҳораташ пайваста мекӯшид. Вай барои худомӯзӣ истеъдоди фавқулоддае дошт. Зеро дар хонае, ки тарбия меёфт, касе дар парвои зебоӣ набуд. Ӯ баъди вафоти модар дар оилаи бибиаш мезист. Вале аз ин ҷо ҳам бо даргузашти бибиаш маҳрум гашт ва аз сағирхонаи назди дайри занона сарпаноҳ ёфт.
Дар рафти зиндагии минбаъда Шанел мекӯшид, ки ҳаёти фақиронаи наврасиашро ба боди фаромӯшӣ супорад, вай ҳар гуна холаҳои сарватманди набударо фикр карда мебаромад ва мегуфт, ки дар хонаи онҳо ба воя расидааст. Ӯ бо гузашта, бо зиндагии хориву зорӣ бо тамоми вуҷуд мубориза мебурд ва гоҳҳо бо яъсу ноумедиҳо ба мураббияҳои сағирхона фарёд мезад: «Ман ятим нестам!». Ҳанӯз дар ҳамон ҳангом, замони дар паси мизи қашшоқона нишастанаш, қасам хӯрда буд, ки бар камбағалӣ ва бенавоӣ ғолиб хоҳад омад.
Кокои понздаҳсола дар Мулен бо Балсан, афсари бой, шинос гашта, бе ягон дудилагӣ ва андешаи зиёд ҳамроҳаш ба Париж меравад. Ошиқ ба маъшуқаи худ дар кӯшки шахсиаш ҷой медиҳад, вале ӯ солҳои зиёд нақши зани бечораро мебозид. Зеро ҳукмрони кӯшк маъшуқаи «қонунӣ»-и Балсан, фоҳишаи дар он замонҳо машҳури Париж Эмиленн д-Алансон ба ҳисоб мерафт. Ба Шанели боғурур, итоатнопазир таҳаммули писхандҳо ва таҳқирҳои ҳариф душвор буд, аммо ӯ илоҷе надошт, охир вай ба куҷо ҳам сар мехалонд. Аз ин рӯ Шанел роҳи наҷот меҷуст, Балсан ба имдодаш намерасид. Ба ақидаи ӯ аз дасти ҷинси латиф кори ҷиддие намеомад.
Лекин Шанели дар муборизаи ҳамарӯза ба фақр обутобёфта таслим шудан намехост. Вай ошиқи дигар ёфт, бо англиси

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо