100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
мушкилиҳо, дар комёбиҳо ва ҳатто дар душвориҳо мебинам. Ҳамту зистан хуш аст. Ба табассум ба ҳаёт менигарам ва аз он наметарсам...»
Афсӯс, ҳатто умри дарозтарин ҳам боре ба охир мерасад.
Александра Михайловнаи куҳансол аз сактаи дил фавтид ва дар қабристони Новодевичи Маскав ба хок супурда шуд.
Коко Шанел
(Солҳои зиндагиаш
1883-1971)
Фарангӣ, тарҳсоз (модейер).
Тарзи либоспӯшии бонуи асри ХХро офаридааст. Кашифи атри машҳури «Шанел, № 5». Ҳамчун ҳомии аҳли санъату адабиёт низ эътироф шудааст.
Шанел дар байни тарҳсозон нахустин устодест, ки на танҳо мӯд, балки услуби нотакрори худро эҷод намуда, дар тарзи либоспӯшӣ ва симои бонувони асри XX инқилоберо ба вуҷуд овардааст. Аз бадани нозуки зан корсет (миёнбанди махсус барои хушнамо кардани қаду қомат) – ро берун афканда,
ба ҷисми ҷинси латиф озодӣ бахшид, рӯҳ ва шуури ӯро аз
банду қайди афкори таассуб раҳо бидод. Дар шахсияти худ
зани озоду соҳибихтиёрро таҷассум карда, маънии зебоии
озодӣ ва тобеъ набуданро фаҳмонд ва ба ҷинси латиф илқо
намуд, ки вай низ узви комилҳуқуқи ҷомеа мебошад. Вай ҳамеша ба муқобили ҷараёни об шино мекард, анъанаҳоро шикаста, роҳи нав месохт, бар хилофи ақидаи дигарон мезист, эҷод

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо