100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
пирони барҷомондаи бекасро ба оғӯши модарона гирифт. Вале дар ҳалли мушкилиҳои зиёди иҷтимоӣ душворӣ мекашид. Бар замми ин Павел ӯро тарк карду бо духтараки хоксору одӣ деҳотие ақди никоҳ баст.
Коллонтайро аз ғаму андӯҳ вазифаи нав наҷот дод. 27 марти соли 1923 Александра Михайловна сарвари намояндагии РСФСР дар Норвегия таъин шуд. Вай нахустин сафир аз байни занон буд. Ягон мартаба истеъдоди ӯ ба дараҷаи ҳайратангез кушода нашуда буд, магар дар вазифаи сафирӣ. Вай зебоӣ, фатонат, тарзи гуфтору рафторашро баҳри расидан ба мақсад ва ҳадафҳои кишвар равона месохт. Норвегия Русияи Шӯравиро ҳамчун давлат ба таври расмӣ шинохт. «Сафире, ки ба мамлакати худаш дӯстони навро ҷалб накардааст, ба номи сафир сазовор нест», - мегуфт Коллонтай.
Бештар аз 20 сол Александра Михайловна дар вазифаҳои масъули сафирӣ фаъолият дошт. Ҳар гоҳ хонаводаашро низ хабар мегирифт. Сталин ӯро эҳтиром мекард, бароиаш аз Спиридоновка иморат дода буданд. Боре Сталин аз Дибенко пурсид: «Ба ман бигӯ, чаро аз Коллонтай ҷудо шудӣ?» Павел кимчиҳоро баҳона оварданӣ шуд, ки Сталин сухани ӯро бурида гуфт: «Э, аблаҳ будай. Беақлӣ кардай».
Гуфтан душвор аст, ки Коллонтай ба репрессия, ҷазоҳӣ, чӣ гуна менигарист, чӣ тавр марги наздиконашро таҳаммул менамуд. Ва худи ӯро чӣ аз фалокат нигоҳ дошт, вақте ки Литвиновро сабукдӯш намудаву комиссариати халқии корҳои хориҷиро «тоза» мекарданд. Чичеринро кушта буданд? Шояд наҷоти ӯ дар содагӣ ва эҳсосоти ҳаётдӯстиаш бошад. Вай дар як қиссаи нотамомаш навишта буд: «Сарбаландам, дар нигоҳи ман талбандагии оҷизонаи заиф нест, ки аз паи марди дуршуда менигарад. Баҳои худро ман аз чашмони ту намеҷӯям. Баҳои маро чашмони онҳое акс месозанд, ки бароишон боигарии эҷодиёт, ақл ва рӯҳамро бахшидаам. Ҳаёт чӣ тавр зебост! Маънии зиндагиро дар кор, бартараф сохтани

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо