Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

ҳамон ҷо дар хусуси ҷашнгирии Рӯзи занон — 8 март қарор ба тасвиб расид. Вай дар ҳама мавзӯъ, аз эҷодиёти Л. Толстой сар карда то вазъи занон дар оила метавонист маърӯза намо- яд. Ҳаёташ пурҷӯшу хурӯш буд. Ҳар рӯз вохӯриҳои нав, баҳсу мунозираҳои нав меовард. Дар соли 1915 ӯ ба ИМА сафар кард. Олами нав низ мехост бо ҷараёни мӯдшудаи марксистӣ ошно гардад.

Вақте ки аз тахт даст кашидани шоҳро шунид, Коллонтай зуд озими Русия шуд. Дар Петербург дар хонаи дугонааш Шеп- кина-Куперник, тарҷумони Шекспир, ҷои зист ёфт. Дигар ӯро танҳо намедиданд. Ин зани хурдҷусса дар байни ҳазорҳо на- фар аз барномаи болшевикон соатҳо ҳарф мезад. «Мо, русҳо, аниқтараш болшевикон, таърихи навро меофарем, мо баҳри пролетариати дунё роҳи наҷот пайдо менамоем. Ва аз ин қалби мо ҳамеша дар тӯғён аст. Ба ҳизби мо ва ба муборизаи он баҳ- ри озодӣ ҳамчун ошиқи шайдо ворид мешавӣ», - навишта буд Коллонтай дар ёддоштҳояш.

Александра Михайловна ба шарофати инқилоб хеле рӯҳ гирифт ва ба назар хеле ҷавон ҳам менамуд. Боре баъди вазъ гуфтан дар Гелсинфорс бо баҳрнаварди шуҷоъ, марди ба ди- лаш мувофиқ Павел Дибенко шинос гардид. Ӯ бонуи воизро ба киштиаш хонд. Баъди сайру гашти баҳр ба бандар овард, аз киштӣ то ба замин Александраро рӯи даст бардошта омад, ки ҳатто домани бону заррае ҳам тар нашуд. Коллонтай ин баҳр- наварди ришдори китфвасеъ, фарзанди деҳқони хокпошро дӯст дошт. Дибенко дар флоти Балтик шахси якум, раиси Кумитаи Марказӣ буд. Вақте ки тобистони соли 1918 дар Севастопол Дибенко ба немисҳо асир афтод, ба вай марги беамон таҳдид мекард. Танҳо дӯстии Коллонтай бо Ленин ӯро наҷот бахшид. Бо хоҳиши Коллонтай дӯстдорашро бо афсарони асири немис иваз намуданд.

Дар ҳукумати нави болшевикӣ Коллонтай комиссари ха- лқии сарпарастӣ таъин гардид. Вай ятимон, бепарасторон, маъюбон,

пешина
аз 424
навбатӣ