Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

созмон ёфт: хонаи муҷаҳҳаз, таъминоти комил, тифли сиҳату саломат, шавҳари бофаҳму фаросат. Вале рӯҳи Александраро зиндагии орому осуда азият медод, он ҷавлонгоҳ, озодӣ, шӯру шар меҷуст. Вай бо марксистон ошно шуд, китобҳои онҳоро бо ҷидду ҷаҳд мехонд, дар маҳфилҳои пинҳонӣ ширкат меварзид. Вақте ки Владимир барои беҳбудии оила заҳмат мекашид ва дар хизмати ҳарбӣ ба вазифаҳои баландтару масъул расидан мехост, завҷааш бештар ба бозиҳои сиёсӣ мегаравид. Гӯё барало эҳсос карда бошад, ки ояндааш ба сиёсат сахт пайванд аст.

Дар байни онҳо ягон хел шӯру мағал, саҳнаҳои фоҷиавии оилавӣ ба вуқӯъ наомаданд. Владимир бо афсӯсу надомат ба мушоҳида мегирифт, ки чи тавр завҷаи дӯстдоштааш муттасил аз канори ӯ ба оғӯши сиёсат меравад. Ин марди олиҳиммат танҳо метавонист ба ояндаи ӯ монеъ нашавад, аз банду басти оилавӣ озод намояд. «Чизе, ки ба ту писанд аст, интихоб бикун», - гуфт ба завҷааш. Дар айёми пирӣ Александра Михайловна зуд-зуд нахустшавҳараш ва ҳамон зарбаи ҷонқоҳеро, ки рӯзи ҷудоӣ ба қалби вай зада буд, ба ёд меовард ва афсӯс мехӯрд, ки дигар касе ӯро ба монандӣ Владимир нафаҳмид, набахшид ва, албатта, дӯст надошт.

Озодӣ аз оила ба Коллонтай пару бол бахшид. Вай ба хориҷа сафар кард, дар донишгоҳҳо аз иқтисодиёт ва омор дониш андӯхт ва ба навиштани мақолаҳои сиёсӣ оид ба масоили занон пардохт. Бо Ленин, Плеханов, Роза Люксембург шинос гашт. Баъди бозгашт ба Русия дар байни марксистон ба симои бонуфуз табдил ёфт.

Моҳи декабри соли 1908 Коллонтай маҷбур шуд, ки ҷилои ватан намояд. Вай дигар то инқилоб ба Русия наомад. Нӯҳ сол Александра Михайловна дар байни гурӯҳҳои мухталифи сиёсӣ ҷӯёи ҳақиқат буд. Дар Париж бо Лаура, духтари Карл Маркс, вохӯрд. Ба Дания бо таклифи Клара Сеткин рафт, то ки дар Конфронси байналмилалии сотсиалистон ширкат варзад. Дар

пешина
аз 424
навбатӣ