Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Ҳастанд ашхоси хушбахту осудаҳол, ки зиндагии онҳо бо хоҳиши дилашон сурат гирифтааст ва ҳам тақдир онҳоро то ҷое аз чашми бад эҳтиёт намудааст. Аз рӯи ақидаи мазкур сухан ронем, Коллонтай ба гурӯҳи ҳамин гуна одамон шомил мегардад, ки толеъ мадад кардааст, обошод, дарозумрии ҳайратангез, фаъолияти бисёрсолаи ӯро чӣ тавр метавон эзоҳ дод? Охир, дар замони ӯ бисёр рафиқон, дӯстон, ҳамкоронаш ҷазо гирифта, ҳабс ва беному нишон гаштанд, аз ёдҳо рафтанд. Ба шарофати ҷозиба ва ё ақл? Шояд ин дар лаёқати хоҳиши зинда мондани ӯ бошад?

Шураҷон Домонтович аз хурдӣ бо рӯҳияи ошӯбгарона ва шӯҳратпарастии беназираш аз дигар хоҳаронаш фарқ мекард.
Дар байни волидайн муҳаббат ҳукм меронд ва ризоят устувор буд. Модар, Александра Александровна, аз шавҳари аввал хати талоқ гирифта, бо се фарзанд аз хонаи ӯ баромада меравад, ки он солҳо ин гапи тамоман гӯшношунид буд. Сипас бо генерал Домонтович, шахси дурусти поквичдон, ақди никоҳ мебандад. Таваккал кардан дар хонадоршавӣ ба волидайни Коллонтай, чӣ тавре ки дар афсонаҳо мегӯянд, бахт овард ва онҳо «хушрӯзу осуда зистанд» ва ақибаш ин ки қариб дар як рӯз аз дунёи фонӣ ба ҷаҳони боқӣ рахти сафар бастанд.

Гуфтан душвор аст, ки барои чӣ тарзи зисти оилаашон
қаҳрамони моро ба ваҷд наовард. Худи ӯ дар ҷавонӣ ба қадри
ҳузуру ҳаловати оила, ғамхории дилсӯзона ва меҳрубонии хешу
табор намерасид. Вай ба шарофати ишқи беқарона ба афсар
Владимир Коллонтай ба шавҳар баромад. Пас аз як соли тӯй
Михаил ба дунё омад. Зиндагии орому саодатмандонаи оилавӣ

пешина
аз 424
навбатӣ