100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
бегуноҳ фарқе намегузошт, касе, ки пеш меомад, бедиранг медаравид.
Роза Люксембург қурбони рафиқони ҳизбиаш шуд. Онҳо кӯшиданд, ки зуд аз рафиқи бетоқаташон раҳоӣ ёбанд.
Шоми якшанбеи 15 январи соли 1919 Карл Либкнехт ва Роза Люксембургро пулис даст гирифт. Люксембургро барои пурсиш ба меҳмонхонаи «Эден» оварданд, дар даромадгоҳ афсарону аскарон ӯро дашноm дода, таҳқир карданд. Баъди пурсиши таҳқиромез барои ба зиндони Моабит afkaндаn ба баромадгоҳ бурданд. Вақте ки зан бо виқору сари баланд аз байни тӯдаи сарбозон мегузашт, як навкар ба сари ӯ ду зарба зад. Асир афтод. Ӯро ба мошин бор карданд. Лату кӯб ҳамоно идома дошт. Ахиран афсаре аз задан хаста шуд, ки ба ҷабини Роза тир паронд. Ҷасадро ба канали паҳлӯи роҳ ҳаво доданд. Рӯзи дигар иштирокчиёни куштор баъди майнӯшии беҳаду андоза дар қолаби анъанаҳои садизм бо ҳам сурат гирифтанд.
Танҳо пас аз чанд моҳ, 1 июн ҷасади инқилобгари машҳур, арбоби сиёсӣ Роза Люксембург ёфт шуд.
Александра
Михайловna Коллонтай
(Солҳои зиндагиаш 1872-1952)
Арбоби ҳизбии шӯравӣ, дипломат, публицист. Узви КПСС аз соли 1915. Солҳои 1917-1918 комиссари халқии сарпарастӣ. Коллонтай – нахустсафир аз байни бонувон. Аз соли 1923 на-мояндаи мухтор ва намояндаи тиҷоратӣ дар Норвегия ва Мексика (соли 1926), аз соли 1927 намояндаи мухтор дар Норвегия, солҳои 1930-1945 элчӣ ва баъдтар сафири СССР дар Шветсия.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо