Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Вақте ки Роза Люксембург дар мавзӯи «Рушди саноати Лаҳистон» рисолаи номзади илмро ҳимоя намуд, муноқишаи зану шавҳар ба авҷи аъло расид. Акнун мақолаҳои илмии Розаро бисёр расонаҳо, маҷаллаҳои ҳизбӣ нашр мекарданд. Вай шахси шинохта гардид. Лео дигар наметавонист бо ин муросо намояд. Аммо шахси ба доми зани тавоно афтода ба осонӣ халосӣ намеёбад. Ва муносибати мураккаби онҳо ба дарозо тӯл кашид.

Дар ин байн ҳизби сотсилистии Олмон Розаро барои иштирок дар интихобот ба сифати тарғиботгар даъват менамояд. Ӯ дар байни лаҳистониҳои Силезияи Боло ғояҳои сотсиализмро ташвиқ мекард ва баъди чанде барои онҳо одами худӣ гардид. Дар ин ҷо Клара Сеткин дугона шуд. Дар ҷанозаи Вилгелм Либкнехт, ҳамсафи Карл Маркс, Роза бо писари ӯ Карл ошно гашт. Бо назариётчии машҳур К. Каутский паймони дӯстӣ баст. Соли 1901 дар Олмон Люксембург бо Ленин вохӯрд.

Дар Олмон Роза бар зидди ҷангу ҷангҷӯён мақолаҳо навишт ва ду мартаба барои баромадҳои зиддиҷангиаш ба суд кашида шуд.

1 августи соли 1914 Вилгелми II ба Русия ҷанг эълон кард. Фраксияи сотсилистии порлумон бо ҳайати пуррааш барои кредитҳои ҳарбӣ овоз дод. Люксембург аз аблаҳии ҳамкорон ба ғазаб омад ва бо Меринг маҷаллаи зиддишовинистии «Интернатсионал»-ро созмон бахшид. Вале Роза ҳанӯз мақолаи нахустинашро ба итмом нарасонда буд, ки моҳи феврали соли 1915 ӯро ба ҳабс гирифта, ба зиндони занонаи Берлин партофтанд. Ҳаёти пурмашаққати Роза оғоз ёфт. Дуюним сол зиндонӣ буд. Китоби В. Короленко «Таърихи ҳамзамони ман»-ро аз русӣ ба олмонӣ гардонд, ки дар солҳои ҷанг бо Русия тасаввурнопазир менамуд.

Вақте ки дар соли 1918 Роза аз маҳбас баромад, дар Олмон тӯфони инқилоби ноябрӣ ҳукм меронд. Террори хунин ба авҷи аъло мерасид. Теғи аҷал дар байни гунаҳкору

пешина
аз 424
навбатӣ