100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
модарзодии ӯ бармеояд. Вай аз ҳад зиёд худбин, шӯҳратпараст ва боматонат буд ва алалхусус ба омӯзиши фанҳои ҷомеашиносӣ шавку рағбати беандоза дошт. Ӯ ҳама вақт чӣ хостани тӯдаи одамонро пай мебурд, маҳораташ дар пайвастани анъанаҳои мардумӣ бо ҳаракатҳои инқилобӣ беҳамто буд, истеъдоди шигифтангези журналистиаш барало эҳсос мегашт ва тавассути қобилияти суханвариаш ҳамчун тарғибгари озодӣ ва публитсист дар қалби ҳазорҳо нафар заҳматпеша маъво гирифт.
Оилаи муттафиқи аз рӯи анъанаҳои кӯҳнаи яҳудиён умр ба сарбаранда ба тарбияи насл аҳамияти ҷиддӣ медод, волидайн кӯдакони худро хеле зиёд дӯст медоштанд ва Розаи хурдакак бо як дилгармии рӯзафзун камол меёфт. Падару модар дар симои ӯ амалӣ гардидани кулли орзуву омоли худро медиданд. Бар замми ин Роза маъюб ба дунё омада буд. Банду буғуми косу ронаш иллат дошт ва то даҳсолагиаш беҳад азоб мекашид, ҳафтаҳо бистарӣ мегашт. Дар ҷавонӣ маризӣ аз байн рафт, аммо лангии пойҳояш ба чашм мерасид. Аз ин рӯ барояш пойафзоли махсус фармуданд. Агар оҳиста-оҳиста қадам мемонд, лангиаш ба назар намерасид. Вале, худо нокарда, агар саросема мешуд ё медавид, ё пойафзолро мекашид... Албатта, ба худ метавон тасаввур намуд, ки духтараки китобхон, боназокат, доно аз лангии хеш чӣ азоби алими ботинӣ мекашад ва дар кадом рӯҳия характераш шакл мегирад.
Пас аз хатми гимназия волидайн чанд муддат кӯшиданд, ки Розаро аз таъсири фаъолияти сиёсӣ эҳтиёт намоянд. Баро- яш муаллими мусиқӣ гирифтанд, то ки духтараки боистеъдод ба санъат шуғл варзад. Лекин Роза аз роҳи фиребои инқилоб, ки барои ҷомаи амал пӯшодани нақшаҳои худкомаш имкони- ят фароҳам меовард, қадам берун ниҳода наметавонист. Дар байни дӯстон вай бо ҳама баробар буд, касе ба маъюбии ӯ диқ- қат намедод. Баҳри ӯ ҳалли масъалаи ояндаи занонааш қима- те надошт. Онҳо мақсади ягона, воломақомро соҳиб буданд,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо