Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

«Фуқарои Иоанн! Ҳамчун шаҳрванди Новгород мемирам!»

Баъди чанде маскавиҳо зангӯлаи бузургро аз манора канда ба Маскав бурданд. Халқ то дер аз қафои аробаҳо қадам зад, гӯё бо ҷасади падараш видоъ мекарда бошад.

Арбоби барҷастаи ҳаракати коргарии Олмон, Лаҳистон ва байналмилалӣ. Яке аз поягузорони созмони «Иттиҳоди Спартак» ва ҳизби коммунисти Олмон дар соли 1918. Солҳои ҷанги якуми ҷаҳонӣ дар мавқеи интернатсионалистӣ меистод.

Роҳи ӯ ба сиёсат аз шаҳри Варшава, ки рӯҳияи баланди инқилобиро соҳиб буд, ибтидо гирифт. Лаҳистон дар охири асри XIX як гӯшаи империяи Русия ба ҳисоб мерафт ва аз ин ҷо ҳама вақт ошӯбе, хатаре бар зидди давлатдории русҳо сар мезад. Танҳо сокини танбалу танпарвари Варшава ба маҳфилҳои сиёсӣ, ки он ҷо таърихи воқеии Лаҳистон омӯхта мешуд, намерафт.

Ба монандӣ бисёриҳо Роза низ ба маҳфили Архангелский шомил гашт, ҳарчанд ба узвияти он напайваст, ба машғулиятҳо мунтазам меомад. Агар ҷавонони зиёде баъди солтар шудан, тарки бозиҳои хатаровари сиёсӣ карда бошанд, Роза баракс фаъолияти инқилобиро ба касби асосиаш мубаддал сохт. Сабаби интихоби пешаи мазкур, ба андешаи мо, аз ҳислатҳои

пешина
аз 424
навбатӣ