Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

вақт басо муташанниҷ ва ҳавлангез буд. Боигарии Новгород диққати ғосибонро аз ҳар минтақа ба худ мекашид.

Шаҳрдор Боретский ба муҳофизати сарҳади князигарӣ омода гардид. Пеш аз сафари ҳарбӣ бо завҷааш паймон баст, ки дар сурати ҳалок гаштанаш дар муҳорибаҳо вай ба ҷои ӯ Шӯрои куҳансолонро сарварӣ намояд.

Гуфтан душвор аст, ки оё воқеа дар асл чунин сурат гирифта бошад. Барои Марфа, албатта, аз нигоҳи сиёсӣ пурманфиат мебуд, агар шавҳараш ӯро рӯйрост ба ҷои худаш ҳоким таъин мекард. Ва ҳам, магар шахсро қасам додан мумкин аст, ки ӯ дар майдон қаҳрамонӣ кунад ва ё маҳорати воизӣ дошта бошад?

Марфа табиатан аз ҷумлаи ашхоси қавирӯҳ ба ҳисоб мерафт, баъди шунидани ҳалокати шавҳараш ба тори яъсу ноумедӣ напечид, чун ниҳоли навбар нашикаст, балки ба оҳанинирода табдил ёфт. Дигар ӯро касе ё чизе аз қавлу амалаш гардонда наметавонист. Ҳаёти оилавӣ, ташвишҳои хонадорӣ ҷойи худро ба фаъолияти ҷамъиятӣ, ғояҳои олии ватандӯстона бахшиданд. Гуфтан метавон, ки ба Марфа бахт омад кард, вай на танҳо дар муқаррар сохтани боҷҳои гумрукӣ дар Шӯро ғалаба намуд, балки бисёр корномаҳоро анҷом дод.

Аён аст, ки дар асри XV князигарии Маскав басо қудрат ёфту дигар заминҳои русро ба зери парчами худ ҷамъ кардан гирифт. Навбати Новгород низ расид. Аз ҷониби княз Иван ба шаҳр пайк омада, иродаи хӯҷаинашро иброз дошт: «Новгород ихтиёрӣ зердасти Маскав шавад».

Марфа лаҳзае ҳам наҳаросид, роҳбарии идеявиро бар зидди тааррузи Иван ба зимма гирифт. Аммо ӯ на танҳо одамонро бо сухани пурҳарорат ба тарафаш кашида метавонист, балки маҳорати фавқулоддаи ташаббускорӣ низ дошт. Марфа ятимеро мепарварид, ки басо ҷасур буд. Исаак Боретский ҳам амалиётҳои ҷангии ӯро дар вақташ меписандиду таҳсин мекард. Чун фарзандони ҳоким нақши фармондеҳиро наметавонистанд

пешина
аз 424
навбатӣ