100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
сарф намуду соли 1902 аз маъдан ба андозаи детсиграмм радий ҷудо кард. Вай хокаи сафеди дурахшон буд. Мария то охири умр онро нигоҳ дошт ва мувофиқи васияташ хока алҳол дар Пажӯҳишгоҳи радийи Париж маҳфуз аст.
Шӯҳрати беандоза овард кашфиёт ба Кюриҳо. Дар оғози асри XX радийро одамон давои бемории саратон пиндоштанд. Аз тамоми кишварҳои дунё ба сари олимон пешниҳодҳо мерехтанд. Академияи илмҳои Франция барои тадқиқоти минбаъдаи Кюриҳо маблағи ҳангуфте ҷудо кард. Акнун ҳама чиз барои олимон муҳайё буд: қасрҳо, кӯшқҳо, ғизоҳои лазиз. Ҷоизаи Нобел ҳамаи шароитро бароишон муҳайё сохт. Бахти дигар бароишон таваллуди духтарча буд. Ҳаёт, бахт, комёбиҳои илмӣ ба ҳам тавъам гаштанд. Вале бадбахтӣ аз дунболай онҳо меомад. Ва хандаи бахт якбора ба азо табдил ёфт, дарахти саодати оилавии олимон ба як бор шикаст. 19 апрели соли 1906 Пйер чун одат субҳидам аз хона баромаду ҷониби донишгоҳ қадам зад. Дигар барнагашт. Вай дар зери сумҳои аспҳои фойтуне монда ҳалок шуд. Марги муфоҷот, тамасхури тақдир чунин буд.
Мария аз талаф додани шавҳари дӯстдору маҳбубаш то дер ба худ наомад. Ӯро танҳо заҳмати ҳамарӯзаи илмӣ наҷот бахшид. Аллакай пас аз чанд моҳи фалокат дар донишгоҳи Сорбон лексия мехонд. Соли 1911 бори дуюм сазовори ҷоизаи Нобел мешавад, пас аз гузашти чанд сол духтараш Ирен низ ба он ноил мегардад.
Дар солҳои ҷанги якуми ҷаҳонӣ Мария бунгоҳҳои сайёри рентгенӣ созмон медиҳад. Вай ҳамеша дар ҷустуҷӯ, кушодани риштаҳои пургиреҳи илм буд. Ва Мария Кюрӣ нахустин одамест дар рӯи замин, ки аз таъсири таҷрибаҳои илмии соҳаҳои физикаю кимиё ба бемории камхунии ганда гирифтор гашта, ба ҳамин иллат аз дунё раҳти сафар бастааст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо