100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
Баҳори соли 1894 шояд яке аз воқеаҳои муҳимтарини ҳаёташ ба вуқӯъ пайваст. Вай бо Пйер Кюрӣ вохӯрд. Дар 27-солагӣ Мария дигар андешаи муҳаббати мардро ба сар роҳ намедод. Аз ин рӯ ишқи ногаҳон шӯъла зада бисёр ҳам шигифтангез ба назараш мерасид. Пиери он замон 35-сола кайҳо боз дар орзуи зани донишманди ҳамақидае буд, ки ӯро фаҳмида тавонад. Дар байни олимони пештоз зану шавҳари ҳамақидаро кам метавон дид. Ишқу муҳаббати Пйеру Мария ҳодисаи камназир аст.
Мария кӯшид, ки завҷаи меҳрубон бошад, худ харид мекард, мепухт, мешуст. Вале аз илм даст кашида натавонист. Ба навиштани кори докторӣ пардохт. Ӯро омӯзиши нурҳои уран, ки таҳқиқаш аз ҷониби Беккарел оғоз ёфта буд, ҷалб сохт. Мавзӯъ тамоман нав, тадқиқнагашта буд ва баъдтар он ба мавзӯи муҳимтарини асри XX мубаддал гашт. Он замон Мария ба гӯшаи хотир ҳам намеовард, ки ба давраи ядроӣ қадам мениҳад ва ӯ роҳбалади дигар олимон дар соҳаи басо мураккабу пурихтилоф ва дандоншикан мегардад.
Маъданҳои дорои уран ва торийро таҳқиқ намуд ва ба хулосае омад, ки моддаҳои мазкур дар таркиби худ чизи радиоактивӣ доранд. Тахмини густохонаи ӯ завқи Пйерро низ ба ҷӯш овард. Зарур буд, ки ин элементи кимиёвӣ аз таркиби моддаҳо ҷудо карда шавад. Вазни атомиаш муқаррар гардад, то ки оламиён бовар намоянд.
Чор сол Кюриҳо як анбори кӯҳнаро, ки дар зимистон аз бомаш барфу борон мерехт ва ягон маротиба гарм карда нашуд, ба иҷора гирифта, аз ҳисоби маблағи худ таҷрибаҳо гузаронда, бе ягон нафар дастёр аз маъдан радий меҷустанд. Дар охир Пйер аз заҳмати тоқатшикан ба фарёд омада, аз тадқиқи минбаъда даст кашид. Ӯ ба Мария гуфт, ки асбоби дақиқи замонавӣ нест, ки маҳсули таҷрибаашонро санҷанд. Аз ин рӯ таҳқикро то пайдо гаштани асбобҳо мавқуф гузоранд. Вале завҷааш розӣ нашуд, тамоми қувваи ҷисмонию маҳорати илмиашро

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо