100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
аз хатми гимназия ба деҳа, назди хешу табор фиристод. Эҳтимол ин рухсатии ягонаи ӯ дар ҳаёташ ба ҳисоб меравад, вақти аз ҳама беғамаш буд. «Бовараман намеояд, ки кадом як геометрию алгебра барин фанҳо вуҷуд доранд, - навишта буд ба дугонааш, - ман онҳоро билкул ба дунёи фаромӯшӣ партофтаам».
Бозгашт ба Варшава барояш шодие наовард. Падар тамоми маблағашро дар як тиҷорат бохт. Духтарон натавонистанд таҳсили худро идома бахшанд. Мария ба фарзандони бойҳо, ки ӯро одам намеҳисобиданд, сабақ медод. Аз ин гӯша ба он гӯшаи шаҳр медавид. Ба фойтун пул надошт. Вай боре андешид, ки минбаъд ба ҳамин тарз ҳаёт ба сар барад, дар ҷавонӣ пир мешавад. Аз ин рӯ ба апааш Броня гуфт, ки биё шартнома мебандем. Ту дар Париж касби табибӣ меомӯзӣ, маблағи таҳсилу зиндагиро ман мепардозам. Баъд ман механаму ту ҳақи хонишу зистро таъмин менамой. Броня баъди каме андеша розӣ шуд. Мария пас аз таку дави чанд аз оилаи помешики сарватманде бо моҳонаи 40 сӯм, ҷойи хоб ва ғизои ройгон кор ёфту кӯчида ба деҳа рафт. Се соли танҳоиро дар деҳаи дур аз ёру дӯст, хешу табор, дар байни ашхоси бо такаббуру дилсарду бегона ба азоби алим паси сар намуд. Тамоми вақташро ба омӯзиш бахшид, махсусан омӯхтани физикаю математика шавқашро бармеангехт.
Ва инак хати озодӣ расид. Хоҳараш Броня ба шавҳар баромад. Баъди тӯй Мария дар Париж монд, ба донишгоҳи Сорбон дохил шуд. Он вақт 24 сола буд. Ҳамин тавр ҳаёти донишҷӯии муфлисонааш оғоз ёфт. Ӯро танҳо дар синфхона ва китобхона медиданд. Дигар ба ҷое намерафт. Ҳатто дар манзиле, ки обу рӯшноӣ ва гармӣ надошт, ғизо намепухт. Наметавонист ва ҳам чизе набуд, ки хӯрок пазад. Боре аз лоғараву нотавонӣ беҳуш шуд. Ана бо чунин душвориҳо вай ба сафи донишҷӯёни пешқадам ворид гашт. Ӯ баъди хатми донишгоҳ якбора соҳиби ду диплом - омӯзгори физика ва математика шуд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо