100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
ва бори нахуст нурҳои онро дар соҳаи тиб истифода бурдааст.
Ягон нафар бону дар дунё ҳамчун олим дар зиндагиаш ба мисли Мария Кюрӣ шӯҳрат наёфтааст. Воқеан, вақте ки саҳифаҳои ҳаёти ӯро варақ мезанед, ягон воқеаи фавқултабиа, нокомиҳои шадид, ноҷӯрӣ ва болоравии ҳайратангезро намебинед. Ба назар чунин мерасад, ки дастовардҳои физикиаш танҳо натиҷаи заҳмати тоқатшикан ва омади кор, хандаи бахт аст.
Зоҳиран, тасодуфи хурдтарин, печутобҳои тақдир намебуданд, дар олами илм ситораи Мария Кюрӣ ба дурахш намеомад. Вале шояд, ин ҳамту ба дида метобад.
Ҳаёти ӯ, воқеан, дар Варшава, дар оилаи омӯзгори фурӯтан Иосиф Склодовский, ки ба ғайри Мария боз се духтару як писар тарбия меёфт, ибтидо гирифтааст. Зиндагиашон беҳад сангин буд, модар аз бемории сил бо азоби алим мурд.
Падар барои маблағе ёфтану хӯрондани панҷ фарзанд ва табобати модари онҳо ҷон мекоҷонд. Вале ба ӯ кор омад намекард, аз ҷойҳои сердаромад зуд маҳрум мегашт. Мегуфт, ки бо роҳбарони гимназия, ки русҳоянд, забон намеёбад. Дар ҳақиқат дар оилаи ӯ авлавияти миллӣ ҳукмрон буд, дар бобати шиканҷаи лаҳистониҳо пайваста сухан мерафт.
Бачаҳо дар рӯҳияи меҳанпарастӣ тарбия меёфтанд, дар ниҳоди Мария таҳқири ноҳақи миллаташ ба як умр ҷой гирифта буд.
Барои соҳиби каме маблағ шудан, Склодовский як қисми
хонаро ба хонандагони деҳотӣ, ки ба Варшава омада буданд,
ба иҷора супурд. Аз ин рӯ муҳити хона серғавғо буд. Мария
субҳи солеҳон аз ҷойгоҳ мехест. Зеро хонаи хоби ӯ ошхона ба
ҳисоб мерафт. Падар пас аз вафоти завҷаву духтари калониаш
ба дунёи ботинии худ фурӯ рафт, вале ба омӯзиши фарзандон
вақти зиёдашро мебахшид. Гимназияро онҳо паси ҳам бо медалҳои тилло хатм намуданд. Марияро оянда санҷишҳои ҷиддӣ
интизор буданд. Гӯё ки эҳсос карда бошад, Иосиф Марияро пас

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо