Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Баъдтар ӯ ба Амрико кӯчид. Шавҳараш Михаил бо тиҷорат машғул буд. «Ғӯрмагас» аз ёдҳо рафт. Романҳои «Дӯстии гусаста», «Пойафзолатро бикаш», ораторияи «Вавилон» ба муаллиф номе наоварданд. Адибай пир ба хотири касе намеомад. Дар мобайни солҳои панҷоҳуми асри ХХ ӯро журналисти рус Евгения Таратута дарёфт. Ногаҳон ба сари кампири бечора «борон»-и шӯҳрату ситоиш рехт. Войнич тасаввур карда наметавонист, ки «Ғӯрмагас»-и ӯ бештар аз сад мартаба нашр шуда ва тездодаш ба миллионҳо нусха расидааст, ки ҳеҷ ба доираи хаёли амрикоиҳо намеғунҷад. Русияи дӯстдоштааш ба Этел Лилиан Войнич дари меҳру муҳаббат кушод ва ба шарофати он дар Амрико низ нисбат ба эҷодиёти ӯ ва ҳаёти адибай фаромӯшгашта навиштаҳо пайдо шуданд.

Мария Кюрӣ
(Солҳои зиндагиаш 1867-1934)

Донандаи физика ва кимиё, яке аз асосгузорони таълимоти радиоактивӣ. Радиоактивияти торийро дарёфтааст (1898). Дар якҷоягӣ бо шавҳараш Пйер Кюрӣ полоний ва радийро кашф намудааст (1898). Ду дафъа, соли 1903 бо ҳамроҳии П. Кюрӣ барои тадқиқоти радиоактивият ва соли 1911 бо А. Бекка-рел барои тадқиқи хосиятҳои радийи металлӣ сазовори ҷоизаи Нобел гаштааст. Усулҳои чен кардани радиоактивиятро кашф

пешина
аз 424
навбатӣ