100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
нав робита баст. Ӯ навиштаҳои адабии Сергейро таҳрир менамуд ва ҳам гоҳҳо намунаҳои эҷодиёти Гаршин, Гогол, Лермонтовро ба англисӣ бармегардонд. Махсусан, осори Тарас Шевченкои украин диққаташро ба худ мекашид.
Боре Этел ба Кравчинский аз орзуҳои овони наврасӣ ҳикоят намуда, парда аз асрори қалби ҷавониаш бардошт. Ҳикояти духтарак Сергейро ба ҳаяҷон меорад ва ӯ бо исрор мегӯяд: «Бинавис, ҳамаи гуфтаҳоятро рӯи варақ овар, бинавис, бинавис...»
Тирамоҳи соли 1890 Сергей аз Русия гурезаеро пешвоз гирифт. Вай инқилобгари далеру чобуки лаҳистонӣ Михаил Вилфрид Войнич буд. Ӯ бо ҳикоятҳои шигифтангези инқилобиаш қалби Этелро тасхир кард. Войнич нақл намуд, ки чӣ тавр бо нардбони арғамчинӣ аз маҳбас гурехт, ҷон ба хатар гузошта рафиқонашро аз зиндон наҷот бахшид, вале хоине ӯро фурӯхт ва ба таҳқирҳои гӯшношунид рӯ ба рӯ сохт. Этел ба вай дил бохт. Пас аз тӯй бо хоҳиши шавҳараш Михаил ба шаҳри Львов пинҳонӣ адабиёти инқилобӣ бурда расонд. Пас аз бозгашт ба паси миз нишаст ва дар як нафас «Ғӯрмагас» рӯи коғаз омад, ин шарбати лабрезгаштаи чашмаи ишқ ва орзуҳои романтикии овони наврасии муаллиф буд.
Ҳамин тавр шуд, ки Степняк-Кравчинский, рафиқи ҷонии ӯ Сергей, чопи «Ғӯрмагас»-ро надид. Вай дар арафаи нашри китоб, моҳи декабри соли 1895 зери чархҳои қатора монда ҳалок гашт. Ин чӣ гуна зарбаи мудҳише буд барои Этел, аз тасвираш замон дар ком ях мебандад. Пас аз марги пурфоҷиаи Кравчинский ҳаёти Этел тағйир ёфт. Қалбашро рӯҳираи инқилобӣ тарк гуфт. Аҷоиб тасодуфе. Сергей мехост, ки роман эҷод шавад. Асар ба дунё омад, акнун мурдан ҳам мумкин ва Кравчинский рафт.
Этел Лилиан Войнич минбаъд танҳо ба нашри «Ғӯрмагас» машғул мешуд. Китоби аввал соли 1897 дар Нию Йорк ба табъ расид. Дар Лондон дар тӯли се моҳ се мартаба чоп шуд. Войнич маъруф гашт.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо