Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Соли 1882 ӯ соҳиби мероси на он қадар калон шуд ва баҳри омӯзиши мусиқӣ сафари Берлинро ихтиёр намуд. Консерваторияро хатм кард, вале дилаш дигар чиз кашид. Мехост бо ашхоси қаҳрамон, мубориз ошно шавад. Охир чунин одамон бояд бошанд. Ва он гаҳ назари ӯ ба Русия афтод. Аз он сӯ ҳар гуна овозаҳо мерасиданд. Ба монанди хабарҳо аз амалиёти террористӣ бар зидди шоҳу вазирони шоҳ. Дар Англия бошад зиндагии муқаррарии буржуазӣ ҷараён дошту он метавонист Этелро ба коми худ фурӯ барад. Бо ин орзуҳои ӯ низ маҳкуми марг мешуданд.

Бо ёрии журналисти шиносаш духтараки беқарор мехост бо ягон инқилобчии рус вохӯрад. Моҳи декабри соли 1886 Этел бо собиқ террорист Сергей Степняк-Кравчинский ҳамсӯҳбат гардид. Албатта, вай ба Этел зуд писанд омад, ӯ қаҳрамони ҷаҳони ботиниаш буд, хушҳол, нерӯманд, сӯҳбаторо, асосан ба ранҷбари идеяҳо, ба мусофири пурасрори овони наврасиаш шабоҳат дошт. Ҳолномаи Кравчинский духтаракро ба шигифт овард: вай соли 1877 дар шӯриши итолиёвиҳо иштирок кардааст, ба қатл маҳкум шудааст, аммо тасодуфан халос хӯрда ба Русия фирор намуда, он ҷо пинҳонӣ чанде зиста, нақшаи қатли Мезенсов, шефи жандармҳоро кашидааст. Ин қаҳрамон дар рӯзи равшан дар майдони серодам бо зарби ханҷар синаи Мезенсовро дарида, аз ҷои воқеа ғайб задааст.

Чӣ мегӯед, ки Этел ба Кравчинский дил бохт, зеро ӯ
муҷаррад набуд ва хонавайрон намудани касеро виҷдони
духтарак намебардошт. Онҳо бо ҳам дӯст шуданд. Сергей
Этелро бо ҳуҷҷатҳо ва номаҳо таъмин кард, то ки вай дар
Русия бо инқилобгарон робита барқарор созад. Зиёда аз ду
сол Этел дар Русия, дар хонаи хоҳари завҷаи Кравчинский
зист ва, албатта, бо узви ташкилоти пинҳонкори зидди режими шоҳ зуд-зуд вомехӯрд. Пас аз бозгашт ба Лондон Этел
бо Кравчинский, ки худро нависанда мепиндошт ва ҳатто
бо забони англисӣ эҷод намуданро таваккал карда буд, аз

пешина
аз 424
навбатӣ