100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
Тақдир ба Этел дар рӯи замин умри тӯлоние бахшид ва ӯ аз ҳамон рӯзи мондагори тамошои нигористони Лувр аз ин тасвир ҷудо нашуд. Нусхаи чопии сурати ҷавони итолиёвӣ дар кадом ҳуҷрае, ки Войнич мезист, ҳамеша овезон буд. Орзуи овони наврасӣ аз ёди Этел рафта бошад ҳам, нишони моддии он дар симои ҷавони итолиёвӣ ҳамсафари ҳамешагии ӯ буд ва мисли аввала дар дақиқаҳои вазнинтарини зиндагӣ оташи муҳаббатро дар қалбаш фурӯзон нигоҳ медошт.
Дар ҷаҳони ботинии инсон замонҳо, кишварҳо ва миллият ба таври ҳайратангез ба ҳам мепечидаанд. Барои шахси идеалӣ на масофа, на гузашта ва на оянда вуҷуд доранд. Этели англис ҳама вақт хаёлан ба он ҷойҳое мешитофт, ки макони мубориза буду одамони шуҷоъ баҳри ҳифзи ормонҳои хеш ҷон мебохтанд. Маҳз бо ҳамин сабаб ӯро Русияи дур ҷониби худ кашид.
Этел Лилиан падарашро дар хотир надошт. Ҳанӯз дар нимсолагиаш вай аз дунё рахти сафар баста буд. Вале ӯ шахси шинохта ба ҳисоб мерафт. Ҳамчун олими бузург дар энциклопедияи бритонӣ ба ин тарз сабт шудааст: «Чорж Бул, риёзидони маъруф». Кӯдакии Этел вазнин сипарӣ шудааст. Тамоми бозёфти Мэрӣ Бул ба хӯрондани панҷ нафар духтарчааш сарф мегашт. Мэрӣ бо духтарчаяш ба Лондон кӯчид. Аз риёзӣ ба хонандагон сабақ медод, ба рӯзномаву маҷаллаҳо мақолаҳо менавишт.
Лаҳзаҳои аз ҳама хуши ҳаёти бачагии Этел ҳамоне буданд, ки модараш дар хусуси ду инқилобгари итолиёвӣ нақл мекард. Тахайюлоти бою рангини духтарак саҳнаҳои ҳаяҷонбахши романтикӣ меофарид, ки дар онҳо ӯ иштирокчии фаъол буду бо нархи ҷон қаҳрамонҳои ҷавонро аз марг наҷот мебахшид ё дӯстдоштаҳо бо ҷӯшу хурӯш, бо бӯсу канор шаҳиди роҳи озодӣ мешуданд. Дар воқеъ, кадом духтарак дар баҳри орзуҳо шино накардааст? Бо гузашти солҳо ин аз байн меравад. Аммо Этел натавонист аз тасвири ширини давраи наврасӣ худро раҳо бахшад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо