Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Этел Лилиан
Войнич

(Солҳои зиндагиаш
1864-1960)

Адиби англис. Солҳои 1887-1889 дар Русия зиста, бо ҳаракати инқилобии русу лаҳистонӣ робита доштааст. Аз соли 1920 ИМА-ро ҷои иқомат баргузид. Романи маъруфаш «Ғӯрмагас» (1897) ба шумори меравад. Асарҳои ҷудогонаи М. Лермонтов, Н. Гогол, Ф. Достоевскийро тарҷума кардааст.

Боре Лев Толстой гуфта буд, ки ҳар инсон метавонад лоақал як китоб нависад, китоб оид ба ҳаёти худ. Этел Лилиан Войнич ҳамин гуна асаре навишт, вале дар он аз саргузашти худ чизе наовард, зеро дар зиндагиаш ягон ҳодисаи фавқулодда ба вуқӯъ напайваста буд, вай орзуҳои шавқангези овони ҷавонӣ, ҳаёти ботинии хешро дар варақҳо тасвир намуд.

Этел, вақте ки бори нахуст ба Париж омад, ҳабдаҳ сол дошт. Дар толорҳои қасри Лувр қадам зада, айни замон дар хусуси ояндааш меандешид, ки нохост чашмаш ба сурати ҷавони итолиёвие бархӯрд, ки ба мӯқалами Франчабиҷо, рассоми миланӣ, мутааллиқ буд. Духтарак зуд эҳсос намуд, ки симои тасвирёфта ба чеҳраи ҷавони дар ботинаш парварда шабоҳат дорад, ба ҳамон қаҳрамони хаёлие, ки ӯро дар хоб ҳам таъқиб мекард ва дар ҷустуҷӯи ошӯбгаронаи ҳақиқати зиндагӣ осудааш намегузошт. Ин шоҳзодаи қалби вай аст, ҷавони берети сиёҳпӯш бо нигоҳи бебокона ва лабҳои ба ҳам фишурда.

пешина
аз 424
навбатӣ