Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

мемонад: ман ё ӯ. Роден рӯ ба шиква меорад. Камилла аз хона баромада меравад. Роден ӯро зуд фаромӯш менамояд.

Камилла чунин хиёнатро интизор набуд, вале худро бой надод. Ҷудоӣ, фироқ, яъсу ноумедӣ илҳомашро ба ҷӯшу хурӯш оварданд. Соли 1895 варианти якуми «Синни балоғат»-ро меофарад: бонуи ҷавоне ба зону истода бо зорию тавалло мехоҳад аз дасти маҳбубаш, ки ӯро марг-пирзоле бо худ бурданист, маҳкам бидорад. Дасти онҳо алҳол ба ҳам пайванд, қаҳрамон ҳоло ба хулосае наомадааст. Ин маҷмӯи муҷАССАМАҲО Шарҳи ҳоли Камилла буд. Дар варианти дуюм, ки пас аз се сол эҷод шуд, пирӣ марди мутею ба тақдир тандодаро бо худ мебурд.

Роден аз паси Камилла наомад, ба созмон додани намоиши асарҳояш ёрӣ надод, балки халал расонд. Камилла, ки ба ғайри эҷод дигар чизеро намедид, дар ҳаёти ҳаррӯза бисёр пешпо мехӯрд. Барои иҷораи хона, ғизои ҳаррӯза маблағ намеёфт, бо соҳиби манзил ҷанҷол мекард. Рӯзҳо аз хона намебаромад, аз рӯшноӣ метарсидагӣ шуд. Аммо дар ҳамин рӯҳия ҳам маҷмааи «Ҳамсӯҳбатон» (занон дар ҳаммом ҳаёти шахсии касеро ғайбат доранд) ва «Ниобид»-ро меофарад.

Бемории рӯҳиаш авҷ мегирад. Додараш Пол, ки академик шуда буд, аз обрӯяш тарсида хомӯширо авло медонад. Дигар хешовандон низ ба сарвақташ намерасанд. 10 марти соли 1913 ӯро дар аробаи «ёрии таъҷилӣ» ба беморхонаи рӯҳӣ мебаранд. Ҳамин тавр 30 сол дар Мондеверг, гӯшаи аз ёдҳо рафтаи Франсия зист. Ҳатто пас аз 12 соли маргаш қабрашро наёфтанд. Вале замони эътирофи истеъдоди Камилла ҳам фаро расид. Ба ҳар ҳол адолат тантана кард.

Пешгӯии адабиётшинос Арман Дейо: «Маро беҳад ба ҳайрат меорад, агар бону Клодел рӯзе ногаҳон дар сафи муҷассамасозони бузургтарини давр ҷой нагирад» ҷомаи амал пӯшид.

пешина
аз 424
навбатӣ