Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

қадршиноси ҷинси латиф, наметавонист аз зебоии ин шогирд дида гурезонад. «Ҷабини зебои болои чашмони пурафсуни нилобӣ, ки дар романҳо бисёр тасвир меёбаду дар зиндагӣ андак вомехӯрад, лабони пурҳарорати шаҳватангези пурғурур, мӯйҳои ғулии хурмой, ки то ба миён мерасанд, қиёфаи таъсирбахши густохона, беғараз, афзалиятнок ва хушҳол», - ин аст тасвири Камилла аз ҷониби бародари ӯ Пол.

Бале, вай басо дилрабо буд, аммо ӯро дигар омилҳо низ дар байни духтарон ангуштнамо карда буданд. Дар вуҷуди ӯ мӯҳри махсус медурахшид, мӯҳри истеъдод, ки ба сӯяш мекашид, мефиребид ва ба тарс меовард.

Роден ӯро ба шогирдӣ хонд. Пас аз чанде муҷассамасоз аз аспи бадани нуқрафоми Камилла ҳайкал метарошид ва лаззат мебурд.

Ин оғози анҷом, фанои духтараки ҳунарпеша буд. Камиллаи тундмизоҷ, ба худ боварӣ дошта, ки ҳамеша ғалаба карда дар ҷои аввал истодан мехост, наметавонист дар назди Роден, устоди эътирофёфта, шӯҳрат ёбад.

Соли 1888 Камилла «Фаромӯшӣ», асари нахустини калонҳаҷми худро ба итмом мерасонад. Мунаққидон дар он «нақарот»-и «Бӯса»-и Роденро мебинанд. Пас аз чор сол «Валс»-и Камилла ба маърази тамошо гузошта мешавад. Ба ин муҷассама низ муқарризон баҳои ҳақ намедиҳанд. Дар хусуси «Клото» бошад, тақлид ба Роден мегӯянд. Мушхандҳои «тақлид, тақлид, тақлид мекунад» ба ҷонаш расиданд ва ӯ нохост барошуфту гуфт: «Асарҳои ман аз умқи вуҷудам рӯидаанд, ҷаноби Роден бошад «Рӯҳи ҷанг»-ашро аз осори Рюд кӯчонидааст». Ҳол он ки вай бо Роден мезист ва бо тамоми ҳастиаш ӯро дӯст медошт. Аммо «сояи Роден» будан ҳам намехост.

Ба оташи моҷарои тақсими идеяҳо хархашаи оилавӣ равған рехт. Роден бо Камилла мезист, вале робитаашро бо маъшуқаи овони ҷавонӣ ва рӯзҳои вазнини зиндагиаш Роза Бере нагусаста буд, ба ӯ ёрии моддӣ мерасонд. Клодел шарт

пешина
аз 424
навбатӣ