100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
дар хусуси тасодуфии неъмати илоҳӣ чӣ ҳам мегуфтем? Вай, чи тавре ки аён аст, барои одамизод ақлнорас мебошад.
Пол Клодел, классики машҳури Фаронса, шоир, драматург, нависанда, дар зодгоҳаш Пенат маҳбуби ҳамдиён, академики соҳидобрӯ, сафир. Вале на ҳама медонад, ки дар айёми кӯдакиву наврасӣ ӯ апаашро мепарастид, ҳар суханашро ба замин намемонд, Камилла барояш намунаи ибрат буд. Мехост аз ҳар ҷиҳат сли апааш бошад. Орзуҳои нахустинашро низ ба ӯ иброз медошт.
Камилла бо волидайн, бо ҷаҳонбинии шахшудаи онҳо ба мубориза бархост. Вай аз гил муҷассамаҳо месохт, модар либосҳои лойолуди духтарашро дида ба фиғон меомад. Намегузошт, ки дигар даст ба гил занад.
Сафари Париж дар соли 1882 низ мушкилиҳои Камилларо бартараф накард. Барои духтарон дари мактаби санъати нафиса баста буд, аммо қаҳрамони мо танҳо набудааст. Чанд нафар духтараки санъатдӯст бар рағми манъсозиҳои ҷомеа баромада, маҳфили шахсӣ созмон доданд, ки он солҳо роҳбариашро Алфред Буши машҳур ба зимма дошт. Устод аз мӯъҷизаҳои офаридаи Камилла ба ҳайрат афтода, онҳоро ба ҳузури директори мактаби санъати нафиса Пол Дюбуа овард. «Шогирди шумо аз ҷаноби Роден сабақ гирифтааст», хулоса намуд нуқтаи назарашро директор. Вале ӯ ҳақ набуд, зеро Камилла ҳайкалтароши мумтоз Роденро намешинохт ва аз сабки вай хабар надошт. Аммо директор ҳақ ҳам буд, эшон тавонист истеъдоди худододро эҳсос намояд ва эҷоди духтараки ношиносро дар паҳлӯи офаридаҳои муҷассамасозони шаҳир гузорад. Ва ҳам дар ин гуфтаҳои директор як чизи ғайб будааст. Зеро баъди чанд рӯз онҳо, Камилла ва Роден, бо ҳам вохӯрданд, то ки ҳамдигарро ба қаъри бадбахтиҳо ва ноумедиҳо афкананд.
Чашми Роден, боре ҳангоми дар маҳфили духтарон ба ҷои Буш сабақ додан, ба Камилла бархӯрд. Рассоми эътирофшуда,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо