100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
Лепаж ӯро ба назар бардам нигоҳ медошт. Ва маҳз дар ҳамин давра беҳтарин асарҳои Мария офарида шуданд.
Оре, Башкирсева наметавонист Лепажро дӯст дорад, вале ӯ ба рассоми мӯниқалам, ба ин ҷинси латиф чӣ будани садоқат, меҳру муҳаббатро аён собит сохт. Беморӣ Лепажро низ аз пой афтонд. Аз пайвандонаш хоҳиш намуд, ки ӯро ба хонаи Башкирсева баранд. Вай аз бистари бемории Мария қадаме дур намешуд. Онҳо аз бемадорӣ ёрои лаб ба сухан кушодан надоштанд. Танҳо ба ҳам чашм медӯхтанд. Вале Лепаж аз ин ҷо рафта наметавонист ва бо андӯҳи гарон чӣ тавр ҷон таслим намудани ҷононаашро мушоҳида мекард.
Симои Башкирсеваро мунаққиди машҳури ҳамон давр Франсуа Коппе чунин тасвир намудааст: "Вай духтаракест бо қомати на он қадар баланд, лоғарандом, беҳад зебо, мӯйҳои тиллоиашро болои сар печ дода бастааст, нигоҳи ҳалимона дорад, аммо аз зери ин нигоҳ иродаи матин ҳувайдост. Дар коргоҳаш асарҳои борҳо мутолиашуда бо забонҳои фаронсавӣ, олмонӣ, русӣ, англисӣ, итолиёвӣ, рими қадим, юнонӣ ба назар мехӯранд".
Гӯё ки бо ҳаёт падруд мегуфта бошад, Мария ба кашидани панно, лавҳаи бо нақшу нигор, бо номи "Баҳор" оғоз бахшид: “Ҷавонзане ба дарахт такя зада, рӯи алаф нишастааст, бо чашмони пӯшида, бо табассум, гӯё дар олами пурафсуни ишқ бошад.
Дар атроф партави маҳин медурахшад, сабза дамида, гулҳои сурху сафедтоби себу шафтолу, растаниҳои нав аз замин қадкашида оламро зебоӣ бахшидаанд.
"Ва бояд ширшири ҷӯйбори зери пои ӯ ба самъ бирасад. Ба сони садои Гренадаи байни бунафшаҳо. Шумо оё маро мефаҳмед?"

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо