Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

тасвири ҷаҳонбинии соддалавҳонаи духтарак ё илҳоми ваҳий? Мутаассифона, дар Русия якчанд асари тасвирии Башкирцева мондаасту халос, вале дар Фаронса асарҳои ӯ дар музейҳои Нитса ва галереяи Люксембург ба маърази тамошо гузошта шудаанд. Нуқтаи назари Золя ва Франс ба расмҳои кашидаи Мария мусбат буданд. Ӯро бо рассом Бастен-Лепаж дар як саф мегузоштанд. Аммо ҳоло расмҳои Лепаж ҳамчун экспонати музей ба ҳисоб мераванд. Манзараҳои офаридаи Башкирцева ҳоло ҳам бинандаро ба ваҷд меоранд. Шояд бо он сабаб, ки дар онҳо як андоза худсарӣ, чизи махфӣ, манъшуда, баённаёфта ниҳон аст.

Марги қарибвуқӯи Мария равшан эҳсос мегашт. Аз тарзи дарки ҷаҳонбинии ӯ ҳисси бади қабл аз вуқӯи фалокат хонда мешуд. Чӣ бояд кард, ки ҳамин тавр ҳам буд. Ба санъат равияи декаданс, яъне рӯҳафтодагӣ, дунёбезорӣ, одамнописандӣ, фаҳғӯю фисқпарастӣ таъсир мегузошт, дар Русия терроризм боло мерафт, асри ХХ, асри катаклизм, дигаргуниҳои ҷиддии харобиовар ва тӯфонҳо, фаро мерасид. Вай аз рӯи синну сол то инқилоби соли 1917 зиста метавонист, вале ӯ танҳо онро пешгӯӣ карда тавонист.

Муаррифиномаи рӯҳии ӯ басо бою рангин асту тарҷумаи ҳоли ҳақиқиаш ҳамон андоза беранг. Вай лаззати ишқи заминиро начашида рафт. Аммо баҳри ошомидани шириниҳои ишқу муҳаббат ботини ӯ кайҳо омода гашта буд. Дар асл Башкирцева боре дар Италия ба доми ишқ афтод, аммо он ба зудӣ бо яъсу ноумедӣ анҷом пазируфт ва ӯ тамоми нерӯяшро ба рассомӣ, ба санъат ва бо ҳавас тамошо кардани худ бахшид.

Муносибати Башкирцева бо устодаш Лепаж оддӣ набуд. Рассоми фаронсавӣ Дон Жуанро ба ёд намеовард. Вай шахси муқаррарӣ, баодоб, хурдҷусса, албатта, наметавонист дили моломоли дарди шогирдашро ба даст орад. Он вақт аллакай Башкирцева аз бемории сил азоб мекашид, танҳо дидор бо

пешина
аз 424
навбатӣ