Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

"Дар соли 1910 бо хоҳарам дар меҳмонӣ бо рассом Левӣ вохӯрдем ва ин дидор моро ба ҳаяҷон овард; вай Мария Башкирсеваро медонистааст, бо ӯ дар Париж ҳамсӯҳбат шудааст.
Мо чӣ қадар ӯро саволборон кардем. Чӣ хел нақли ӯро бо эҳтирос шунидем".

Марина Цветаева бо модари Башкирсева солҳои зиёд робитаи хаттӣ дошт ва нахустин китоби шеърҳояш “Баёзи шабҳангом”-ро ба Мария бахшидааст:
Бо ҳамон дӯшизаи истода назди тираи тиреза, Бо қаду басти биҳиштӣ дар миёни маҳшари вокзал Борҳо вохӯрдаам дар водие аз хоби ҳаррӯза.
Ӯ валекин баҳри чӣ андӯҳгин буду шикастабол?
Он суроби софу шаффофаш чӣ меҷӯяд дар ин ҳайҷо?
Шояд андар осмонҳо ҳам наёбад бахти накӯро?

Барои хушбахтӣ дар ин ҷо, дар рӯи замин, Мария, зоҳиран, ҳамаро доро буд: авлоди номдор, боигарӣ, зебоӣ, хешовандони дилсӯзу бомаърифат. Дар воқеъ пас аз ду соли тӯй волидайни Мусӣ (ӯро дар кӯдакиаш ҳамин тавр ном мегирифтанд) аз ҳам ҷудо шуданд, ки ин барои он солҳо воқеаи нодир ба ҳисоб мерафт. Духтарак дар хонаи бобояш, дӯстдори Байрон ва англиспараст бо ғамхории рӯзафзун камол меёфт. Касалмандии Мусӣ боис шуд, ки Башкирсевҳо соли 1870 ба хориҷа раванд.
Онҳо дар беҳтарин меҳмонхонаҳо мезистанд, виллаҳои гаронтаринро ба иҷора мегирифтанд, дар хонаҳои зарҳалин мезистанд, вале ҳузуру ҳаловат ба назари Мария, ки аллакай ба нигориши ёддоштҳои машҳураш қалам мефарсуд, онҳо ба мисли қафаси зарин менамуданд, ки он ҷо танҳоии одам барало эҳсос мегардад. Ягон осорхона, ягон сурати тасвирие дар Аврупо набуд, ки Башкирсева надида бошад, вай дар робитаи ҳамарӯза бо санъат мезист, нерӯи он ҳар як ҷӯшу хурӯши ашрофзодаи наврасро илҳом мебахшид.

Ёддошти Башкирсева аз саҳифаҳои нахустин орзуи умдаи
ӯ, ҳукмрони дунё шуданро, ки тамоми ҳастиашро фурӯ бурда

пешина
аз 424
навбатӣ