100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
табобатии алафро ба худ гирифта ба воситаи пӯст ба ҷисми бемор мегузаронад, тазаккур медод Ванга.
Табиби нобинои ҳамабину ҳамадон чунин мепиндошт, ки инсонро кори нек, заҳмати ҳамешагӣ, виҷдони пок саломат нигоҳ медоранд.
Мария Константиновна Башкирцева
(Солҳои зиндагиаш 1860-1884)
Рассоми рус. Ёддоштҳои айёми наврасиаш дар интиҳои асри XIX ба нашр расида, шуҳрати ҷаҳонӣ ёфтанд.
Хориқаи малоҳату дилрабоии ӯ боз солҳои зиёд баҳсҳоро ба миён хоҳад овард ва, ба назари мо, то ба охир дарк нашуда мемонад. Воқеан духтараке, ки дар зиндагӣ қариб кореро ба сомон нарасондааст, рӯҳияи шоиру рассомонро ба изтироб овардааст. Ҷозибаи ӯ дар асри нуқрагини санъати рус, дар экзистенциализм (идеализми субъективӣ)-и фаронсавӣ ниҳонӣ ҳузур дошт, вай ба авангардизм (равияи санъат)-и замони муосир низ таъсир мегузорад. Ин ҷозибаи сеҳрангези санъат, шояд бо фоҷиаи бо ин ҳама истеъдоди фавқулодда дарди дил карда натавонистани ӯ пайванд бошад. Мария Башкирцева ба наслҳои оянда танҳо ёддошти наврасиашро ба мерос гузоштааст, боз якчанд расм ва боз андӯҳи бузурги орзуҳои ормониашро. Анастасия Светаева чунин ёддошт кардааст:

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо