Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

ба шавҳар баромад. Боре дар айни авҷи ҷанг ба наздаш аскар Димитр Гуштеров омада, хоҳиш намуд, ки қотили бародарашро ном барад, то ки ӯ қасос бигирад. Ғайбдон гуфт: «Дар бораи қотилон ба ту хабар медиҳам, аммо ҳоло не. Ту бояд ба ман қавл диҳӣ, ки қасос намеситонӣ, охир ин зарурат ҳам надорад. Ту то рӯзи марги онҳо зинда мемонӣ, бо чашми худ маҳв шудани онҳоро мебинӣ». Суханони ҳайратангези зани ғалатӣ аскарро ба тааҷҷуб оварданд. Вай ба назди Ванга боз чанд дафъа омад ва ахиран хостгораш шуд. Бист сол онҳо бо ҳам зистанд. Димитр солҳои охир бисёр шароб менӯшид, ба бемории ҷигар печид. Вақте ки ӯ ҷон меканд, Ванга дар сари болинаш нишаста дуо мехонд ва аз чашмони нобинояш ашк мерехт. Ҳамин ки ҷони Димитр аз баданаш баромад, Вангаро хоб бурд. Баъди гӯр кардани майит Ванга бедор шуду гуфт: «Ӯро то макони абадиаш ҳамроҳӣ кардам».

Бисёриҳо робиtai Вангаро бо ашхоси кайҳо фавтида дар ёд доранд. Қорафтодае савол дод: «Барои чӣ ғайбдон дар хусуси модари равоншодаш мепурсад ва мегӯяд, ки вай сояи ӯро аз пайи худ овардааст».

Ванга дар посух гуфт: «Сояро ту бо худ наовардаӣ. Онҳо худашон меоянд. Зеро ман барои онҳо даричаам. Ҳамин ки шахсе дар наздам рост истод, хешовандони мурдааш ӯро ба ҳалқа мегиранд, ба воситаи ман саволҳо медиҳанд, он чиро, ки аз онҳо мешунавам, ба зиндаҳо мерасонам».

Аз як профессори испонӣ Ванга пурсидааст, ки модараш пеш аз марг ба вай ангуштарини авлодиро васият намуда буд? Олими ба ҳайратомада гуфт, ки оре. Вале ӯ онро ҳангоми сайругашт ба дарё афтондааст. Аз он рӯз кораш ҳеҷ пеш намемеравад. «Ту чӣ коре буд, ки кардӣ. Ту риштаи робитаро бо модарат баркандӣ», — гуфт ғайбдон.

Ванga ба маризон кӯмак мерасонд. Мегуфт, ки дар дунё касалие нест, ки бо ёрии алафҳо табобат нашавад. Вай алаф-ҳоро ҷӯшонида дар он об ғӯта заданро тавсия мекард. Об нерӯи

пешина
аз 424
навбатӣ