100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
ҷон ба ҷонофарин таслим накард. Ҳоло вақташ наомада будааст. Боре хоҳараш аз чашма об меорад ва мебинад, ки Ванга аз аробача фаромада ҳавлӣ мерӯбад. Ҳама ба ҳайрат афтод, ки чӣ тавр одами дар назъи ҷон буда, ба як бор аз бистар бархост. Оре, Илоҳӣ ба ҳар чӣ қудрат дорад.
Ғайбгӯии Ванга якбора ба амал наомадааст. Кай оғоз ёфт, касе дар хотир надорад. Боре буз гум мешаваду Ванга ба падараш мегӯяд, ки аз фалон дара бояд ҷуст. Дар рӯзи Георгийи Муқаддас аз кӯзаи пуроб ашёҳои гузоштаи духтаронро як-як бароварда, аз кӣ будан ва ба соҳибони онҳо дар оянда чӣ рӯй доданро гуфт. Духтарон, албатта, аввал ба суханони Ванга эътибор надода хандиданд, аммо баъд диданд, ки ҳамаи пешгӯиҳои ӯ ҷомаи амал мепӯшанд. Истеъдоди ғайбдонии Ванга дар солҳои ҷанги дуюми ҷаҳонӣ бо тамоми нерӯ доман густурд. Албатта, ин табиӣ буд. Зеро одамони ломакону аз дарду алам ба ҷон расида ба кӣ ва ба куҷо ҳам муроҷиат мекарданд.
Маҳорати ғайриодии худро Ванга ба ҳозирон чунин шарҳ медод: «Дар атрофам махлуқҳои шаффоф ҳалқа мезананд. Тору пудашон аз чӣ бошад, намедонам. Онҳо ба ман маълумоти зарурӣ медиҳанд, то ки ба хоҳишмандон расонам. Вақт, замон ва масофа аҳамият надоранд». Ҳаёти ҳар як шахси корафтодаи дар назди Ванга ҳузур дошта аз рӯзи таваллуд то маргаш ба мисли тасмаи кино аз назари ғайбдон мегузаштааст. Вале Ванга наметавонистааст, ки тақдири шахсро, ки азалист, тағйир диҳад.
Рӯзе ба назди ғайбдон ронандае меояд ва ӯро ба мошинаш шинонда ба калисо бурда меорад. Баъди бозгашт Ванга ба ӯ мегӯяд: «15 май ба ягон ҷо нарав, ба назди ман биё, ба ту гапи муҳиме дорам». Аммо он рӯз рафиқи ронанда аз вай хоҳиш менамояд, ки бо мошинаш бори ӯро кашонад. Ҳамон рӯз вай дар садамаи нақлиётӣ ҳалок мешавад.
Занҳои ғайбдони бо қувваҳои ғайритабиӣ робитадошта, аз нуқтаи назари мо, бояд бо марде издивоҷ накунанд. Лекин Ванга

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо