100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
Падари бевамондааш оқибат зан гирифт. Модарандар меҳрубон ва заҳматпеша буд. Соли 1923 онҳо ба хонаи бародари бойи Панда кӯч бастанд. Падар подабонӣ мекарду Ванга машқҳои ширро некашонд. Ва рӯзе аз рӯзҳо тӯфони шадиде хест. Касе аз шоҳидон намедонист, ки чӣ рӯй дод: осмон тира гардид, шамоли сахт вазид ва суръати он дарахтҳоро решакан мекард. Гирдбод хок, барг, хасу хошокро рӯфта, бо шиддат тоб хӯрда бо даҳшат ғуррос мезад. Тундбод Вангаро аз замин озод бардошт, чарх занонду ду километр дуртар аз деҳа ба замин афканд. Вақте ки духтаракро ёфтанд, вай ба назар аз ақл бегона менамуд. Ва аз ҳама даҳшотовару ғамангезаш он буд, ки чашмонаш аз зери хок наметофтанд. Дар хона чашмонашро бо оби ҳар гуна алафҳо шустанд. Вале чашмон аз хун пур гаштанд ва баъд сап-сафед шуданд.
Падари ваҳшатзада Вангаро назди бисёр табибон бурд. Чанд дафъа чашмони духтаракро ҷарроҳӣ карданд. Баъди амалиёти зиёди ҷарроҳӣ Ванга танҳо як лаҳза рӯшноиро дид, дигар ба қаъри зулмот фурӯ рафт. Соли 1925 падар ӯро ба хонаи нобиноён супурд. Вай дар ин ҷо се сол монд. Тартибот дар парваришгоҳ сахт буд, вале хуб мехӯронданду мепӯшонданд ва ҳам пухтану дӯхтан ва алифбои қориёнро ёд медоданд. Мусиқӣ мешуниданд. Ба назар чунин менамуд, ки парвардигор ба бандааш раҳм карду барояш меҳрубон аст. Ванга ба ҷавони нобиное дил баст. Онҳо дар арафаи издивоҷ буданд. Ванга ба падар нома фиристод, ки барои тӯи арӯсиаш дуо диҳад.
Падар духтаракро шод накард. Гуфт, ки модарандараш мурду се кӯдакро вай наметавонад парасторӣ намояд. Ванга ба хона баргашт. Ӯро хоҳару бародарони ҷулҳундипӯш, лоғар, бо шиками гурусна пешвоз гирифтанд. Даҳ сол азоб кашид. Мебофт, мересид, медӯхт, мешуст, вале ҳамоно пул кам мерасид. Аз зарби машаққат аз пой афтод. Хоҳараконаш ӯро ба мисли кӯдак дар аробача хобонда ба офтоб мебароварданд. Ҳамсояҳои дардошно ба ҷанозааш пул меғундоштанд. Аммо Ванга

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо