Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Ванга
(Солҳои зиндагиаш
1911-1996)

Ҳар аср авлиё, пешгӯй, ғайбдони худро дорост. Шояд аз ҳама овозадораш Нострадамус бошад. Дар қарни XX бо шӯҳрати астрологи барҷаста эҳтимол танҳо Ванга, деҳқонзани овозадори булғор, дар як поя истода тавонад. Гуфтан душвор аст, ки номи ӯ ба садсолаҳои оянда интиқол меёбад ё не, вале то ба имрӯз ягон нафар ғайбгӯи оянда нест, ки овозааш аз шӯҳрати ин кампирак, сокини шаҳраки Петричаи назди сарҳадҳои Булғорияву Юнон, боло рафта бошад.

Зиндагиномаи Ванга, ки наздикону пайвандонаш ба таври расмӣ иброз доштаанд, ҳаёти одамони авлиёро ба хотир меорад. Зеро душвориҳое, ки ба сари Ванга фурӯ рехтаанд, барои одами одӣ таҳаммулнопазиранд. Модари Ванга вақте аз дунё рахти сафар баст, ки ҳанӯз духтарча ақли расо надошт. Падараш Панда Сурчев ба мисли муши калисо бенаво буд, асп барин кор мекард, ба монанди қаҳрамонҳои миллӣ виҷдони покиза дошт.

Духтарак зери назорати ҳамсояҳо калон мешуд. Худаш ҳар гуна бозиҳоро фикр карда мебаровард, бештар нақши «табиб»-ро мебозиду «бемор»-онро бо ҳар гуна алафҳо табобат менамуд. Танҳо як бозӣ ғаши падарашро меовард. Ҳолатҳое мешуданд, ки Ванга дар хона ё дар кӯча ашёеро мемонду сипас чун нобиноён чашмонашро пӯшида онро палмосида меҷуст. Ин бозии бадро ягон дӯғу пӯписаи падар бартараф сохта натавонист.

пешина
аз 424
навбатӣ