100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
аз олам пӯшид. Бисёриҳо ақида доштанд, ки Индира ба мансаби сарвазирӣ номзадиашро мемонад. Аммо ӯ ҳамчун сиёсатмадори хирадманд амал намуда, ба ҷонибдории Шастрӣ кор бурд. Албатта, Шастрӣ ба монандӣ Нерӯ шахсияти барҷаста набуд. Аммо Индира метавонист аз ин шароит барои иҷрои нақшаҳои ояндааш истифода барад. Индира дар бисёр маврид сиёсати худро дар амал ҷорӣ мекард ва сол ба сол мавқеаш мустаҳкам мегашт. Баъди фавти Шастрӣ дар интихобот ғолиб омад ва дар чилу ҳаштсолагӣ сарвазири Ҳиндустон шуд. Вазифаи баландтарини давлатиро ба даст овард.
Ба сари қудрат омадан гоҳҳо осонтар аст, нисбат ба онро нигоҳ доштан. Вақте ки Индира Гандӣ ҳукумат меронд, вазъи иқтисодии Ҳиндустон вазнин ва ҳам муносибат бо Покистони ҳамсоя муташанниҷ буд. Дар 12 соли ҳокимияти Индира оппозитсияи нерӯманде созмон ёфт ва тамоми нокомиҳоро ба дӯши сарвазир афканд. Дар интихоботи навбатии соли 1977 Индира Гандӣ бори нахуст мағлуб шуд. Аммо ӯ аз ин рӯҳафтода нагашт. Аввалан ҳизби нав - Конгресси миллии Ҳиндустонро ташкил намуд, сипас хонаи қабули меҳмон орост. Ҳар шаҳрванд метавонист ба ин даргоҳ омада, ақидаҳояш, мақсадҳояш ё дарду аламҳояшро иброз дорад. Дар кишваре, ки гурӯҳҳои бузурги шаҳрвандон чун анъана ба суханони мураббӣ, муаллим ва пешво гӯш медиҳанду гуфтаҳояшро сидқан ба ҷо меоранд, ин қадами хирадмандона буд. Пас аз се сол Индира Гандӣ аз нав сарвазир интихоб гардид.
Ӯро яке аз террористони мутаассиби ташкилоти сепаратии иёлоти Панҷоб паронд. Воқеаи маъмул - давлат барои якпорчагии кишвар мубориза мебараду халқҳои алоҳида истиқлолияти худро талаб менамоянд. Моҷарои ҳамешагӣ, ки зани бузург - сиёсатмадори маъруф қурбонаш шуд. Чӣ ҳам мегуфтем, бисёр вақт риштаи ҳаёти арбобони сиёсат ба таври фоҷиавӣ канда мешаванд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо